Пулис ҳуҷҷатҳои 212 касро тафтиш ва аз онҳо 147 танро ба идораи пулис бурдааст. Аз миёни боздоштшудаҳо 18 тан барои ҳозир шудан дар мақомоти мудофеа даъватнома гирифтаанд.
Моҳи август пулиси Русия дар вилоятҳои Перм, Челябинск, Нижний Новгород, Санкт-Петербург, Свердлов ва Белгород "рейд" гузаронид. Муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, ба мақомоти ҳарбии он кишвар даъват шуданд.
Думаи давлатии Русия моҳи ҷорӣ тарҳи қонунеро баррасӣ мекунад, ки бар асоси он касоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, аммо аз адои хидмати ҳарбӣ ё "мобилизатсия" сарпечӣ мекунанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум хоҳанд шуд.