Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқир, латукӯб ва нафрат. Даҳ моҳ дар Боздоштгоҳи Сахарово. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Амалиёти зидди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва давлатҳои дигари пасошӯравӣ дар Русия моҳҳо боз ҷараён дорад. Баъзе аз онҳоро боздошт ва ихроҷ мекунанд, иддаеро барои хидмат дар артиш ва иштирок дар набардҳои мусаллаҳона дар Украина маҷбур менамоянд.

"Қабурғаамро шикастанд"

Радиои Озодӣ то кунун бо чанд муҳоҷири тоҷик дар бораи амалиёт ва боздошту нигаҳдории онҳо дар Русия гап зад. Аксари онҳо вазъиятро шарҳ доданд, вале ному тасвири худро пинҳон доштанд, то мушкил пеш наояд.

Ҳайдар Мамадов, муҳоҷири озарбойҷонӣ, ба телевизиони "Настояшее Время" нақл кард, ки чӣ гуна дастгир шуд ва даҳ моҳро дар Боздоштгоҳи Сахарово дар Маскав гузаронд. Ҷое, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон мунтазири ихроҷ нишастаанд.

Мамадов гуфт, ӯро моҳи феврали имсол дастгир карда, дар шуъбаи пулис дар пойтахти Русия қабурғаашро шикастанд. "Чанд дафъа мошини Ёрии таъҷилӣ омад, аммо ба бемористон набурданд," – шикоят кард ӯ.

Вай афзуд, солҳои дароз дар Маскав кору зиндагӣ мекард, вале чунин амалиёти ба гуфтааш бераҳмонаро зидди муҳоҷирон ба ёд надорад.

"Баъд аз чанд задухӯрд дар маҳалли сохтмон ва пас аз он ки ду муҳоҷири ҷавони тоҷик афсарони пулисро заданд, муносибат ба мо дигар шуд. Моро хор карданд. Сабтином дорӣ ё надорӣ, ба идораи пулис мебаранд. Мегӯянд, ки маълумоти шумо дар махзани мо нест ва ё патент қалбакист," – нақл кард ӯ.

Мамадов мегӯяд, ҳуҷҷаташ дурусту ҷобаҷо буд, вале бар хилофи қонун боздошту нигаҳдорӣ шуд. "Дар он ҷо як ҷавон гиря карда мепурсид, ки "чӣ гуна патенти ман қалбакӣ аст? Шахсан ба Маркази Сахарово рафта, пул додам, расид (чек) ҳам дорам!" Онҳо мегуфтанд, намедонем, парвояшро ҳам надорем. Мо нақша дорем, ки фалон қадар одамро ихроҷ кунем," – ба ёд овард ҳамсуҳбати "Настояшее Время".

Видео дар инҷост:

"Аз онҳо чизи дигареро интизор шудан мумкин нест"

Ҳайдар Мамадов мегӯяд, пас аз ду рӯзи боздошт ӯ ва даҳҳо муҳоҷири дигарро аз идораи пулис ба Додгоҳи Кузминский бурда, сипас дар маркази Сахарово ҷой карданд, то мунтазири ихроҷ биистанд. Вай дар он ҷо зиёда аз 10 моҳро гузаронд. Чанде пеш ба Боку фиристоданд. Хонаводааш дар Маскав монд.

"Дар 10 моҳу 15 рӯз дар он ҷо беадолатии зиёде дидам. Шаҳрвандони мо, бародарони мусулмони моро мезананд. Аз ҳама бештар шаҳрвандони Қирғизистонро латукӯб мекарданд," -- ба ёд меорад Мамадов.

"Вақте онҳоро оварданд, латукӯб карданд. Дар фурудгоҳ заданд. Маро ҳам заданд. Як хӯроке доданд, ки ман ҳатто ба саг намедодам. Ғӯлача мегуфтанд, чашмтанг мегуфтанд. Танҳо нафрат. Аз онҳо чизи дигареро интизор шудан мумкин нест," -- таъкид кард муҳоҷири озарбойҷонӣ.

Мамадов мегӯяд, муҳоҷирон дар Маркази Сахарово ба ёрии дипломатҳои кишвари худ умед доштанд, вале ҳеч гоҳ онро нагирифтанд.

"Танҳо намояндагони сафорати Тоҷикистон ба бачаҳои худ мадад карданд," – мегӯяд ӯ. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маркази Сахарово шикоят доштанд, ки моҳҳо боз дар шароити тоқатфарсо мунтазири ихроҷ ҳастанд, аммо касе суроғ намекунад.

"Дар 10 моҳ як дафъа намояндаи сафорати Қирғизистонро дидам, вақте сафир нав шуд. Ҳеч гоҳ намояндагони сафорати Озарбойҷонро надидам," – изофа кард ӯ.

Ҳоло Ҳайдар Мамадов адолат мехоҳад. Талаб дорад, ки қарори ронда шуданаш аз Русия бекор гардад ва маъмурони пулис барои латукӯби ӯ ҷазо гиранд. Чизе, ки иҷрояш осон нест, аммо ӯ ба мадади вакилони мудофеъ умед бастааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG