Сухангӯйи Кремлин созишро бо раиси ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер" Евгений Пригожин, ки ба "ошӯби мусаллаҳона" поён дод, тасдиқ кард.
Ба иттилои Дмитрий Песков, раҳбари Беларус Александр Лукашенко, ки "Пригожинро шахсан 20 сол боз мешиносад", дар музокирот иштирок кардааст. Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин субҳи шанбе бо Лукашенко ва раҳбарони Қазоқистону Узбекистон телефонӣ гап зада буд.
Нерӯҳои "Вагнер", ки пештар аз тарафи Русия дар Украина меҷангиданд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуданд.
Мақомоти Русия иқдоми мудир ва зархаридони "Вагнер"-ро "ошӯби мусаллаҳона" ва "хиёнат" арзёбӣ карданд.
Дмитрий Песков гуфт, парвандаи ҷиноӣ дар мавриди "ошӯби мусаллаҳона" баста мешавад, аммо нагуфт, ки ба чӣ далел. Худи Пригожин хабар дод, ки "ба Беларус меравад". Дақиқ нест, дар он ҷо чӣ хоҳад кард.
Ба қавли сухангӯи Кремлин, ҷангҷӯёни "Вагнер" низ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. "Рӯйдоди охир ба ҷанги Русия дар Украина таъсир нахоҳад дошт," -- изофа кард ӯ.
Евгений Пригожин шоми 24-уми июн гуфт, ба нерӯҳояш амр додааст, ки аз роҳ ба Маскав баргарданд. Вай то ҳол дар бораи созиш чизе нагуфтааст.
"Ридовка", расонаи ҷонибдори Кремлин, иддао кардааст, ки рӯзи шанбе дар задухӯрд бо "Вагнер" 15 низомии Русия кушта шудаанд. Дар бораи талафоти зархаридони "Вагнер" хабар нест.
Талаби асосии Пригожин истеъфои вазири дифоъ буд. Песков мегӯяд, дар музокироти рӯзи 24-уми июн масъалаи кадрӣ баррасӣ нашуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Раиси "Вагнер" хост, нерӯҳояш аз роҳи Маскав баргардандЕвгений Пригожин кист?"Хиёнат", "хато" ё "ҷудоӣ"? Радду бадали Путин ва Пригожин. ВИДЕОМаскав Пригожинро ба талоши ошӯби мусаллаҳона айбдор кард. АКС"Вагнер" дар Ростов. Путин гуфт, барои ҳифзи Русия "тамоми кор"-ро мекунанд. АКСҲушдори сафорати Тоҷикистон ба муҳоҷирони корӣ дар РусияГузоришҳо: Тирандозии артиши Русия ба ҷангҷӯёни "Вагнер" дар роҳ ба МаскавАз сокинони Маскав хостаанд, ба гирду атроф наравандДар Русия чӣ мегузарад?Путин бо раҳбарони Беларус, Узбекистон ва Қазоқистон гап задааст