Раиси ҷумҳурии Русия дар пайи гузоришҳо дар бораи ишғоли иншооти низомӣ ва идораҳои давлатӣ аз тарафи ҷангҷӯёни "Вагнер" дар Ростови лаби Дон гуфт, барои ҳифзи кишвараш "тамоми корро" мекунанд.
Нерӯҳои ширкати хусусии "Вагнер" шаби 23-юми июн аз вилояти Луҳански Украина ба Ростови лаби Дони Русия даромада, биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатиро ишғол карданд.
Владимир Путин рӯзи 24-уми июн дар паёме телевизионӣ амали "Вагнер"-ро ба раҳбарии Евгений Пригожин "ошӯби мусаллаҳона" ва "хиёнат" номид. Вай гуфт, барои ба эътидол овардани вазъ “чораҳои қатъӣ” меандешанд. “Ҷавоби мо сахт хоҳад буд", - ваъда дод ӯ.
Президенти Русия аз Пригожин ном набурд ва исми “Вагнер"-ро ҳам ба забон наовард, аммо эътироф кард, ки ниҳодҳои давлатӣ ва интизомӣ дар шаҳри Ростов "воқеан аз кор мондаанд".
Додситонии кулли Русия гуфт, ба зидди муассиси "Вагнер" ба иттиҳоми "ташкили ошӯби мусаллаҳона" парвандаи ҷиноӣ кушод.
Евгений Пригожин, мудири "Вагнер", масъулони бахши низомии Русия, аз ҷумла вазири дифоъ Сергей Шойгу ва раиси Ситоди кул Валерий Герасимовро ба "наслкушӣ" ва нокомии амалиёт дар Украина гунаҳкор кард. Вай гуфт, барои боздошти "ҳайвон Шойгу" шаҳри Ростовро гирифт, вале ӯ шабона аз ин ҷо фирор кардааст.
Пригожин ҳамчунин гуфт, ҳарбиёни Вазорати дифои Русия ба нерӯҳои ӯ пайвастаанд ва мехоҳад, аз Ростов ба самти Маскав ҳаракат кунад.
Дар ин байн мақомоти Русия роҳҳои асосии мошингардро аз Ростов ба Маскав бастаанд. Ҳокимони чанд вилояти ин масир аз шаҳрвандон хостанд, бе зарурат ба кӯча набароянд. Ҳамаи маъракаҳои ом дар ин вилоятҳо манъ карда шуданд.
Аксҳоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ