Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Вагнер" хост, нерӯҳояш аз роҳи Маскав баргарданд


Раиси ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер" Евгений Пригожин гуфт, ба нерӯҳояш амр додааст, ки аз роҳ ба Маскав пас гашта, ба пойгоҳҳои худ дар Украина бираванд.

Ин дар ҳолест, ки ҷангҷӯёни “Вагнер” рӯзи 24-уми июн иншооти ҳарбиро дар Ростови лаби Дон, шаҳри ҷанубии Русия, ишғол карда, барои вожгун кардани тахтнишинон ба пойтахт равон буданд.

Пригожин шоми 24-уми июн дар паёме садоӣ дар Telegram гуфт, “мо ба урдугоҳҳои худ бармегардем” ва тасмимашро “пешгирӣ аз хунрезӣ” маънидод кард.

Вай нагуфт, ки пеш аз қабули чунин қарор оё бо мақомоти Русия ва намояндагони артиш суҳбат дошт ё не. Дар ҳоле ки ба гуфтааш нерӯҳои “Вагнер” тақрибан дар дусадкилометрии Маскав қарор доштанд.

Чанд дақиқа пеш аз ин хадамоти матбуоти раиси ҷумҳурии Беларус хабар дод, ки дар мувофиқа бо Владимир Путин, Александр Лукашенко бо раиси "Вагнер" Евгений Пригожин гуфтугӯ кардааст.

Тавре манбаъ мегӯяд, Пригожин пешниҳоди Лукашенкоро "дар бораи қатъи ҳаракати нерӯҳои мусаллаҳи "Вагнер" пазируфт."

"Дар ҳоли ҳозир як пешниҳоди комилан қобили пазириш ва манфиатбахши ҳалли авзоъ, бо кафолати амниятӣ барои ҷангҷӯёни "Вагнер", дар рӯи миз аст," -- гуфт хадамоти матбуотии Лукашенко. Тафсилот дода нашудааст.

Зархаридони ширкати хусусии "Вагнер", ки то ин дам аз тарафи Русия дар Украина меҷангиданд, шаби 23-юми июн аз вилояти Луҳански Украина ба Ростови лаби Дони Русия даромада, биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатиро ишғол карданд. Ҳукумати Русия рафтори мудири "Вагнер"-ро "ошӯби мусаллаҳона" ва "хиёнат" номид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG