Бино ба гузоришҳо, артиши Русия рӯзи 24-уми июн ба сӯйи нерӯҳои “Вагнер” дар шоҳроҳе ба самти Маскав тир андохтааст.
Зархаридони ширкати хусусии ҳарбӣ шаби 23-юми июн аз Луҳански Украина ба шаҳри Ростови лаби Дони Русия даромада, иншооти ҳарбӣ ва идораҳои давлатиро гирифтанд.
Онҳо гуфта буданд, ки ба тарафи Маскав хоҳанд рафт.
Хабарнигори "Ройтерс" гузориш дод, ки рӯзи 24-уми июн оташ кушодани чархболҳои артиши Русияро ба сӯи нерӯҳои "Вагнер" шоҳид шуд.
Ба гузоришҳои расида, корвони нерӯҳои “Вагнер” пас аз убури шаҳри Воронеж, воқеъ дар тақрибан 600-километрии шимоли Ростови лаби Дон, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдори Маскав аз сокинон хост, аз сафар ба гирду атрофи пойтахти Русия худдорӣ кунанд. Сергей Собянин гуфт, ки мақомот роҳҳои даромадани нерӯҳои “Вагнер”-ро ба марказ хоҳанд баст.
Дар Маскав ба маъмурони амниятӣ ҳақ додаанд, ки ҳарчи бештар одамон ва нақлиётро тафтиш кунанд.
Собянин ҳамзамон гуфт, барои "кам кардани хатар" эҳтимол рӯзи душанбе рӯзи ғайрикорӣ эълон шавад. Вай вазъиятро "душвор" номид.
Гуфтугӯ