Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо раҳбарони Беларус, Узбекистон ва Қазоқистон гап задааст


Владимир Путин, Шавкат Мирзиёев ва Александр Лукашенко
Владимир Путин, Шавкат Мирзиёев ва Александр Лукашенко

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, бо раҳбарони Беларус, Узбекистон ва Қазоқистон телефонӣ гап задааст.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, рӯзи 24-уми июн гуфт, “Путин ҳамтоёнашро дар бораи вазъ дар Русия хабардор кард”.

Тафсилот дастрас нест.

Ҳукумати Беларус аз ҷанги Русия ба зидди Украина пуштибонӣ мекунад.

Зархаридони ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер”, ки то ин дам дар Украина меҷангиданд, шаби 23-юми июн ба шаҳри Ростови лаби Дон дар ҷануби ғарби Русия даромада, иншооти низомӣ ва идораҳои давлатиро ишғол карданд.

Мақомоти Русия амалкарди онҳоро “ошӯби мусаллаҳона” номиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG