Мақомот дар Тоҷикистон ба таҳияи рӯйхати он шаҳрвандоне оғоз кардаанд, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанги миёни ду кишвар иштирок доранд.
Ин тасмим, ба гуфтаи ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ, пас аз даъват ба таъсиси “баталйони тоҷикӣ” аз ҷониби Михаил Матвеев, вакили порлумони Русия, ҷиддӣ гирифта шуд. Вакили рус рӯзи 6-уми май даъват кард, ки бояд “баталйони тоҷикӣ” дар ҷанг алайҳи Украина таъсис дода шавад.
“Зархаридон” ҷавобгар мешаванд
Ду манбаи Радиои Озодӣ, яке дар сохторҳои дипломатӣ ва дигаре дар мақомоти интизомӣ, рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи якҷояи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мавзӯи ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украина баррасӣ шудааст.
“Дар ҷаласа ба хулоса расиданд, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанг иштирок мекунанд, рӯйхат шаванд. Ба монанди онки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Сурияву Ироқ рафта буданд. Гуфта шуд, ки нисбат ба онҳо барои иштирок дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад,"—гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки нахост номаш зикр шавад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон то кунун ошкоро дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина мавқеъгирӣ накардаанд, вале дар оғози ин ҷанг бидуни ном бурдан аз кишваре танҳо ҳушдор дода буданд, ки "иштирок дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ" ҷиноят аст.
Кӣ парванда мешавад, кӣ не?
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Украина ё Русия дар ҷанг иштирок мекунанд, маълум нест. То ин дам ҳалокати даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла маҳбусони тоҷик, дар ҷанг расонаӣ шудааст.
Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ба зидди шахсоне, ки шаҳрвандии Русия ё Украинаро доранд, парванда боз нахоҳад шуд, балки ин тасмим танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудааст.
Наздикони ду маҳбуси тоҷик, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина ҷалб шудаанд, рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо онҳо намояндагони КДАМ дар вилояти Хатлон суҳбат кардаанд. Ба гуфтаашон, намояндагони мақомот аз онҳо мушаххасоти наздикони зиндонияшонро пурсидаанд.
“Гуфтанд, ки кай рафт, ҳоло дар куҷо аст, занг мезанад ё намезанад. Нагуфтанд, ки парванда мекунем, вале тамоми маълумотро дар борааш пурсида, навиштанд,” –гуфт яке аз онҳо.
Мақомот тасмими кушодани парвандаро алайҳи тоҷиконе, ки аз ҷониби Русия ё Украина ҷанг мекунанд, расман шарҳ надоданд. Ба мактуби мо дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия посух надод, вале дар сафорати Украина гуфтанд, ки то кунун ҳузури ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанг аз ҷониби ин кишвар сабт нашудааст.
“Зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрванди Украина ҳастанд, дар сафи артиш қарор доранд, вале то кунун мо номи ягон шаҳрвандамонро нашунидаем, ки аз тарафи Украина ба ҷанг ҷалб шуда бошад,” –гуфт, Давлат Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина.
Зоҳиран нигаронии мақомоти Тоҷикистон бештар аз даъвати вакили рус дар бора таъсиси “баталйоони тоҷикӣ” аст, ки пештар аз номи коршиносони рӯ ба Кремл ва ҳоло аз номи мақомҳои расмӣ садо медиҳанд.
Чӣ бояд кард, ки тоҷикон ба ҷанг нараванд?
Александр Коваленко, коршиноси низомии украинӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба он хотир муҳоҷирони тоҷик бештар ҳадаф қарор гирифтаанд, ки пуштибони қавӣ надоранд ва аз нигоҳи молию шароити иқтисодӣ ба ҳар тарзе ҷалб карданашон ба ҷанг осонтар аст.
“Артиши Русия талафоти ҷиддӣ додааст. Бо ҳар роҳе мехоҳанд, сафи артишро пур кунанд. То кунун тариқи даъватнома ҷалб кардан натиҷаи хуб надод. Муҳоҷирони тоҷик хеле зиёданд ва онҳо аз ҳамин нерӯи бузурги корӣ мехоҳанд дар ҷанг истифода баранд. Ду роҳро бояд истифода кард, ки ба иштироки шаҳрвандони тоҷик дар ин ҷанг роҳ надод. Роҳи якум муборизаи иттилоотӣ аст. Дуюм, бояд мақомоти тоҷик нотарсида бо роҳи қонунӣ эътироз кунанд ва садди роҳ шаванд,” –гуфт Александр Коваленко.
“Намехоҳад Путин шикаст хӯрад, вале...”
Тоҷикистон, аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ пойбанди Русия аст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи огоҳони вазъ, мақомоти тоҷик дар тасмим гирифтан нисбат ба таҷовузи Русия ба Украина эҳтиёткорона амал мекунанд.
Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифин мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аз як тараф намехоҳад, ки режими Путин дар ин ҷанг шикаст хӯрад ва аз тарафи дигар намехоҳад, ки берун аз назораташ як воҳиди низомӣ бо ҳузури шаҳрвандонаш таъсис ёбад.
“Путин шикаст хӯрад, ин низомҳо аз байн хоҳанд рафт. Аз тарафи дигар намехоҳанд, ки як воҳиди низомӣ дар хориҷ аз кишвар ва берун аз назорати онҳо таъсис ёбад. Ин воҳиди низомӣ пас аз анҷоми ҷанг ба ҳар шакле як таҳдид ба низоми Тоҷикистон хоҳад шуд. Чунин нерӯи ҷангдидаи тоҷиконро дар хориҷ дидан намехоҳанд. Тасмими боз кардани парванда нисбат ба онҳо, фикр мекунам, бештар ба ҳамин чиз рабт дорад,” -- шарҳ дод Шарофиддин Гадоев.
Дар Душанбе ба ҷанг дар Украина чӣ назар доранд?
Рӯзи 12-уми май хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсиданд, ки дар мавриди ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба ҷанг дар Украина чӣ назар доранд ва пешниҳоди вакили русро чӣ гуна қабул доранд, посухҳо гуногун буд:
- "Тарафдори он нестам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои берунӣ ё ягон маъракаи сиёсӣ ширкат дошта бошанд, агар хидмати ҳарбӣ мекунанд, бигузор дар кишвари худамон кунанд."
- "Агар чунин қонуне қабул шавад, ки афроди дорои душаҳрванидро мебаранд, дигар чӣ кор мекунем? Мегӯянд, дар шаҳри якчашма рафтед, як чашматро кӯр кун, маҷбурем дигар. Агар нараванд, депорташон мекунанд."
- "Дуруст нест ба ҷанг бурдани душаҳрвандиҳо. Агар чунин шавад, муҳоҷирон ба дарёфти шаҳрвандии Русия ҷони худро дар хатар мегузоранд. Ба фиреби дигарон дода нашаванд, беҳтар аст. Ҳоло дар кишвари худ кор кунанд."
- "Вақте шаҳрвандаш, ки шудӣ, аз рӯи қоидаву қонун бояд биравӣ. Шаҳрвандии он кишварро гирифтӣ, ҷавобгариро ҳис мекунӣ, бояд ватани онҷоро ҳам муҳофизат кунӣ."
Русия дар моҳи феврали соли гузашта бедалел ба хоки Украина ҳамла кард. Зоҳиран, ҷанги Русия дар Украина ба бунбаст рӯ ба рӯ шудааст ва мақомоти рус талош доранд, бо ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг ҷойи сарбозони маҷрӯҳу ҳалокшудаи худро пур кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Чаро мақомоти Русия боз ба муҳоҷирон рӯй оварданд? ВИДЕОҲомиёни ҳуқуқ ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон: Аз Русияву шаҳрвандиаш фосила гиредТалоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандии Русия кам нашуд. Чаро? ВИДЕОМаоши муҳоҷиронро дар Мариупол додаанд, вале баъд аз шикоят. ВИДЕОМуҳоҷирони тоҷик дар Мариупол: "Ноне барои хӯрдан надорем" ВИДЕО