Каримҷон Ёров: Шиносномаи Русия муносибат ба тоҷиконро дар ин кишвар тағйир намедиҳад
Радиои Озодӣ: Назари шумо ба қонуне, ки онро Путин имзо карду барои ширкат дар ҷанг ваъдаи шаҳрвандии Русия медиҳад, чӣ аст?
Каримҷон Ёров: Гирифтани шаҳрвандии Русия танҳо маънои гирифтани капитали кӯдакон, ипотекаи арзон, кӯмакпулии кӯдакон, кори бепатент - танҳо ин маъноро надорад. Корфармо 40 фоизи корро ба андоз месупорад, аз он ҷумла 13 % аз ҳақи кории худатон аст, ки аз патент ҳам гаронтар мешавад. Мушкили дигар ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаҳи русӣ қариб дар 95 % ҷой ба кор намегиранд, яъне ягон роле бозӣ намекунад. Бубинед, аксар вақт шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ё қафқозиҳоро дар Русия ба ғайр аз кори қаровулӣ (охранник) дигар тақрибан ягон ҷой кор намегиранд.
Ё ба иҷора додани хона ваё додани ипотека – рад мекунанд. Яъне мегӯянд “ин ғайрирус аст”, “пулро намегардонад”... яъне ба тоҷик муносибат боз бадтар аст. Ман аз сар мегуфтам, ки ба ҷанг нараванд ва барои як миқдор пул ҷони худро дар хатар намонанд. Мутаассифона, бисёриҳо бо хоҳиши худ мераванд – ҳам аз озодӣ, ҳам аз зиндон, ҳам онҳое, ки ба гуфтаашон, барои хадақкобӣ мераванд. Ҳол он ки ҳамон хандақканӣ ҳам иштирок дар ҷанг ҳисоб мешавад. Аз рӯи қонунгузории Тоҷикистон аз 12 то 20 сол зиндон мекунанд.
Радиои Озодӣ: Барои муҳоҷирон дар ин замина чӣ паёме доред?
Каримҷон Ёров: Ба умеди ин нашаванд, ки ин ҷанг шояд пагоҳ тамом мешаваду онҳо соҳиби шаҳрвандӣ мешаванд. Худо медонад, ки кай тамом мешавад. Вале Русия, агар дар оянда хоҳад ҳамин корро дар Осиёи Миёна кунад, аз онҳо истифода мекунад.
Чупик: Шаҳрвандии Русия фақат фирор аз патент нест, ӯҳдадории ширкат дар ҷанг дорад
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, раҳбари созмони ҷамъиятии «Тонг Ҷаҳонӣ» ("Субҳи ҷаҳон") Валентина Чупик ба муҳоҷирони корӣ машварат медиҳад, ки ба ваъдаҳои хатарнок ва «шармандакунандаи» мақомоти Русия дар заминаи гирифтани шаҳрвандии ин кишвар дода нашаванд ва талош кунанд дар марҳилаи кунунӣ аз Русия фосила бигиранд. Қонуни нав, ки рӯзи 28 апрел президенти Русия Владимир Путин имзо кард, ба 20 гурӯҳи хориҷиҳо, аз ҷумла онҳое, ки барои хидмат дар артиши Русия ва «дигар воҳидҳои низомӣ» розӣ мешаванд, имкони гирифтани осони шаҳрвандии ин кишварро ваъда медиҳад.
Валентина Чупик, ки баъди ихроҷаш аз Русия поёни соли 2021 ҳоло дар ИМА ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ назарашро ба ин қонуни баҳсбарангез баён кард.
Радиои Озодӣ: Хонум Чупик, бисёр муҳоҷирони корӣ дар Русия мехоҳанд, ки соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд, вале воқеияти имрӯза ин аст, ки онҳо бо хатари даъват ба ҷанг рӯбарӯ мешаванд. Шумо ба ин гурӯҳ машварате доред?
Валентина Чупик: Ман пеш аз ҳама ба онҳо машварат медиҳам, ки аввал хуб фикр кунанд, ки чӣ ба даст овардан мехоҳанд. Бисёр вақт мардум ба он хотир хостори гирифтани осони шаҳрвандӣ ҳастанд, ки чунин имкониятро ба онҳо танҳо бар ивази пул пешниҳод мекунанд. Аз шаҳрвандони Тоҷикистон ман доим тақрибан як далели сабабҳои дарёфти шаҳрвандии Русия мешунавам. Онҳо мегӯянд, ки намехоҳанд пули патент супоранд. Тамом. Онҳо ватани худро бо нархи патент мефурӯшанд. Онҳо фикр намекунанд, ки баробар бо озодӣ аз патент як баста ӯҳдадориро ба дӯш мегиранд ва акнун ин ӯҳдадориҳо хатари ҷонӣ ҳам доранд.
Бахусус, хидмат дар артиш. Онҳо акнун таҳти таҳдиди хидмат дар артиш ва ҳукмҳои ҳабси абад вазифадор мешаванд, ки Русияро дӯст доранд. Ман ба мардум машварат медиҳам, ки дар марҳилаи кунунӣ аз Русия фосила бигиранд. Вақте ба ман мегӯянд, ки “алтернатива нест”, ман ба онҳо ёдовар мешавам, ки дар ҷаҳон 206 давлат вуҷуд доранд. Дуруст аст, ки бояд ба бисёри онҳо виза бигирӣ, вале талоши гирифтани виза аз хатари маргу ҷароҳат дар ҷанг сабуктар аст. Илова ба ин, маҷрӯҳиву ҷонсупориҳо ҷои ифтихор надоранд, баръакс, боиси шармандагӣ аст, чунки ту ҳам ишғолгар ва ҳам шарики ҷинояти ҷангӣ мешавӣ.
Радиои Озодӣ: Валентина, агар дар заминаи ҷалб ба ҷанг сарнавишти муҳоҷирони корӣ то андозае сабуктар бошад, ба назар мерасад, ки зиндониҳо вазъи сахттаре доранд, чунки бисёри он хориҷиҳое, ки дар зиндонҳо қарор доранд, бо хатари маҷбурӣ ба ҷанги зидди Украина бурда шудан рӯбарӯ ҳастанд. Дар чунин ҳолат онҳо чӣ карда метавонанд?
Валентина Чупик: Тирамоҳи порсол, аз моҳи сентябру то миёнаҳои октябри порсол ин масъала бисёр доғ буд. Хушбахтона, бо кӯмаки журналистон, мо, фаъолони ҳуқуқ, тавонистем пеши роҳи муҳоҷиронро аз ширкати ихтиёрӣ дар ҷанг бигирем. Мо аз онҳо талаб мекардем, ки санадҳоеро, ки барои имзо ба онҳо медиҳанд, хеле хуб омӯзанд. Аз миёни таҳдиду шиканҷа ва марг ба ҳар ҳол таҳдиду шиканҷаро интихоб кунанд. Ҳоло ин масъала мисли он давра чунон сахту доғ нест. Он омори сафарбарӣ ба ҷанге, ки охири сентябру аввали октябр ҷой дошт, имрӯз дигар нест. Агар он замон рӯзе садҳо паёмаке дар ин замина дарёфт мекардам, имрӯз як-ду паёме мегираму тамом.
Радиои Озодӣ: Сабабро дар чӣ мебинед?
Валентина Чупик: Мардум дарк карданд, ки бар тарс ғолиб омадан имкон дорад, бар марг ғолиб шуда наметавонӣ.
Гуфтугӯ