Муҳоҷирони тоҷик дар Мариуполи ишғолии Украина гуфтанд, корфармо пас аз ду моҳи таъхир маоши онҳоро додааст. Дар бораи пардохт нашудани маоши наздик ба 300 муҳоҷир Радиои Озодӣ гузориш дод ва корфармо вокуниш кард.
Исроил Шакаров, муҳоҷири тоҷик дар Мариупол, рӯзи 21-уми март гуфт, «мо пули худамонро гирифтем, сад дарсад, чӣ қадаре, ки кор карда будем.»
Муҳоҷирон гуфта буданд, дар шароити сахте кор мекунанд ва пул барои бозгашт ба ватан надоранд. Корфармо мегӯяд, маош аз ҷониби фармоишгар бо таъхир пардохт шуд, вале ҳоло дигар чунин мушкиле вуҷуд надорад.
Абубакр, намояндаи ширкати «Ватан», гуфт, «маоши ҳамаи онҳо пардохта шуд. Касе намонд. Мо дар инҷо талош мекунем, ки ҳамватанон пули хубтар кор кунанд ва ба оилаҳояшон дар ватан кумак кунанд.»
Русия дар моҳи майи соли 2022 шаҳри Мариуполи Украинаро пас аз ҷангҳои шадид ишғол кард. Муҳоҷирони тоҷик барои бозсозии ин шаҳри харобшуда ҷалб шудаанд.
Исроил Шакаров, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, «кори мо ин аст, ки хонаҳои чаппашударо тоза кунем ва барои оғози таъмир омода намоем. Чизе, ки имкони барқарор карданаш буд, мегузоштем ва чизе, ки пурра вайрон буд, мепартофтем.»
Муҳоҷирони тоҷик аз охири тобистони соли гузашта барои кор ба Мариупол ҷалб шуданд. Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон тавсияи кор ба хоки ишғолшударо намедиҳанд. Муҳоҷирон мегӯянд, барои маоши бештар ба Мариупол мераванд, вале на ҳама вақт онро дарёфт мекунанд.
Гуфтугӯ