Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар соат беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русия мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Майли хориҷиҳо ба гирифтани шаҳрвандии Русия дар як соли охир кам шудааст, ба истиснои тоҷикон. Ба ҳисоби миёна аз аввали имсол дар ҳар соат зиёда аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русия мегиранд.

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, аз моҳи январ то охири марти имсол бештар аз 106 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии ин кишварро пазируфтанд. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 35,3 ҳазор маврид камтар аст.

Ҳиссаи тоҷикон дар миёни шаҳрвандони “нав”-и Русия бештар шудааст. Дар семоҳаи аввал 44 ҳазору 854 тоҷикистонӣ шиносномаи русӣ гирифтаанд, ки тақрибан ҳар рӯзе 500 нафарро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли гузашта 33 ҳазор тоҷик табааи Русия шуда буд.

Украина бо 22 ҳазор нафар дар мавқеи дуюм аст. Омори кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ чунин аст:

  • Қазоқистон – 6,9 ҳазор кас;
  • Қирғизистон – 5,4 ҳазор кас;
  • Узбекистон – 4,6 ҳазор кас;
  • Туркманистон – 912 кас.

Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия моҳҳои охир таблиғотро барои қабули шаҳрвандӣ ба таври густарда ба роҳ мондаанд. Варақаҳои таблиғотӣ махсусан дар минтақаҳои таҷаммӯи муҳоҷирон зиёд насбу паҳн мешаванд.

Посухи як муҳоҷир

Фарҳод, муҳоҷири тоҷик, иҷозаи иқомат дар Русия дорад. Мегӯяд, бо вуҷуди хатари даъват ба артиш “шаҳрвандӣ барои беҳбуди зиндагии худу хонаводааш муҳим аст”.

“Таваккал ба Худо, кӯшиш мекунем, шаҳрвандиро гирем. Дар деҳаи мо, дар Тоҷикистон, нисфи дари хонаҳо қуфл зада шудаанд. Бисёриҳо бо аъзои оила омаданд. Албатта, дар инҷо имконият бештар аст, ҳарчанд вақтҳои охир хатари даъват ба ҷанг зиёдтар шудааст,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Вай илова кард, ки то ҷое огоҳ аст, бисёриҳо ҳанӯз аз роҳҳои “анъанавӣ” – додани ришва, харидани квота, издивоҷ ва барномаи кӯчидани ҳамватанон шаҳрвандии Русияро мегиранд.

“Одатан оилаҳои мо серфарзанданд. Вақте як нафар ба воситае шаҳрванд шуд, фавран падар ё модарашро низ соҳиби шиносномаи русӣ мекунад. Ин барои фарзандони дигару набераю абераҳо асос мешавад. Ба ин тартиб, тоҷикон оилавӣ шаҳрванди Русия шуда истодаанд,” -- изҳор дошт ӯ.

"Имтиёз ҳаст, уҳдадорӣ ҳам"

Коршиноси тоҷик Амони Асрор мегӯяд, бо зиёд шудани шаҳрвандони Русия аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик имкони кашидани пояшон ба ҷанги Украина зиёдтар мегардад.

“Шаҳрвандӣ на танҳо имконияту имтиёз медиҳад, балки уҳдадорӣ низ дорад. Дар шароити ҷанг, ки дурнамо номуайян аст, Русия ба захираҳои инсонӣ зиёд ниёз дорад. Тоҷикон метавонанд, барои таъмини нерӯ на танҳо дар майдони сохтмон, балки дар майдони ҷанг низ истифода шаванд,” -- ҳушдор дод коршинос.

Вай таъкид намуд, ки “ангезаи аксар тоҷиконе, ки талоши шаҳрвандии Русияро доранд, сирф иҷтимоист. Мехоҳанд, сатҳи зиндагияшонро боло баранд, аммо дар шароити мураккаби ҳозира метавонанд мавриди суистифодаи ҳарбӣ ва сиёсӣ қарор гиранд.”

“Захираи инсонию вазъи демографӣ дар Русия пештар низ хуб набуд, аммо бо оғози ҷанг боз ҳам бадтар шуд. Ҳар ҷанг талафоти ҷонӣ дорад, чӣ дар ҷабҳа ва чӣ дар ақибгоҳ ниёз ба нерӯи инсонӣ зиёд мешавад,” – гуфт Амони Асрор.

Ба иттилои расмӣ, майли тоҷикон ба дарёфти шиносномаи Русия дар се соли охир афзудааст. Агар дар соли 2020 беш аз 63 ҳазор кас шаҳрвандии Русия гирифтанд, ин рақам дар соли 2021 ба зиёда аз 103 ҳазор ва дар соли 2022 ба бештар аз 173 ҳазор нафар расид.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба дадели камии маошу набудани ҷойи кори муносиб ба хориҷа, бахусус Русия мераванд. Онҳо барои раҳоӣ аз ранҷи пулису пардохтани патент ва дарёфти имтиёзҳое ба мисли ёрипулӣ ба фарзандон ва харидани хона дар фикри шаҳрвандии Русия ҳастанд. Дар як соли ҷанги Русия дар Украина хабари марги даҳҳо нафари онҳо расонаӣ шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG