Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро мақомоти Русия боз ба муҳоҷирон рӯй оварданд? ВИДЕО


Навбати муҳоҷирон дар назди Маркази "Сахарово"
Навбати муҳоҷирон дар назди Маркази "Сахарово"

Дар маркази "Сахарово" дар Маскав тарзи нави ҷалби муҳоҷиронро ба ҷанг дар Украина ба роҳ мондаанд. Чанд муҳоҷири тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтанд, акнун намояндагони мақомот пеш аз додани патент онҳоро ба утоқи алоҳида мебаранд.

Яке аз онҳо рӯзи 5-уми май бо фиристодани навор гуфт, "дар утоқ муҳоҷиронро ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар барои рафтан ба ҷанг даъват мекунанд."

"Мегӯянд, дароед, аз "машварат" гузаред. Онҷо, ки даромадӣ, таърифат мекунанд, то ба ҷанг фиристанд. Аз рӯи қонун ин зархаридӣ мешавад. Шуморо дар давлати худатон барои ин кор зиндонӣ мекунанд," – мегӯяд ин муҳоҷир дар навор.

Ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба ҷанг дар зинаҳои гуногуни ниҳодҳои Русия матраҳ аст. Михаил Матвеев, вакили порлумони Русия, рӯзи 6-уми май дар саҳифааш дар Телеграм гуфтааст, тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бояд ба ҷанг бираванд.

Бар асоси омори расмӣ, дар се моҳи охир тақрибан 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, талафот дар ҷанг бештар шудааст ва Русия мехоҳад, сарбози бештаре сафарбар кунад.

"Ҷанг дигаргун шуда истодааст, яъне русҳо дар майдони ҷанг пеш намераванд, бозмондаанд, талафоти зиёд додаанд. Аз ин рӯ, боз ба муҳоҷирон рӯй оварданд. Агар пештар барои ҷалб то 400 ҳазор рубл медоданд, ҳоло маблағро кам кардаанд ва аз 180 то 200 ҳазор. Ҳоло ба хубӣ ва зӯрӣ муҳоҷиронро ҷалб мекунанд. Ин далели он аст, ки ҳоли русҳо хеле бад шудааст," – афзуд ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муҳоҷиронро дар Сахарово ба ҷанг ҷалб мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Марги даҳҳо зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла тоҷиконе, ки дар зиндонҳои Русия зиндонӣ буданд, дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст. Теъдоди дақиқи тоҷиконе, ки ба ҷанг ҷалб шудаанд, маълум нест, вале талошҳои ҷалби бештари онҳо кам нашудааст.

Каримҷон Ёров бар ин назар аст, ки дар Русия миллатгароӣ реша дорад, аз ин рӯ, онҳо ташвиқ доранд, то ғайрирусҳо бештар ба ҷанг ҷалб шаванд.

“Мақсади ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг ин ҳифзи мардуми бумӣ, яъне худи русҳо ҳаст. Агар шумо дида бошад, аз аввали ҷанг бештар аз минтақаҳое ба ҷанг бурданд, ки онҷо русҳо кам зиндагӣ мекунанд. Мисли Чувашистону Бошқирдистону Доғистону Шарқи Дур. Мақсади онҳо куштани муҳоҷирон нест, балки ҳифзи бештари русҳо аст, то хашми рустаборонро ба бор наоранд. Ҳоло аз диаспораҳо хоҳиш кардаанд, ки муҳоҷиронро ба ҷанг ҷалб кунанд,” – гуфт ӯ.

Хадамоти иктишофиии Амрико чанде пеш эълон кард, ки талафоти Русия дар ҷанг бо Украина афзоиш ёфтааст ва дар ин ҷанг беш аз 100 ҳазор сарбозу афсари рус куштаву захмӣ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG