Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик шикоят доранд, ки онҳоро барои бозсозии Мариупол аз Русия ба ин шаҳри ишғолшудаи Украина бурданд, вале кор фармуданду ҳаққашонро надоданд.
Баъзе аз муҳоҷирон дар моҳи октябр ва бархеи дигар дар моҳи декабри соли 2022 ба онҷо бурда шудаанд. Мегӯянд, ҳоло дар шароити бад ҳастанд ва пул надоранд, ки ба Маскав ё Душанбе баргарданд.
"Нони хӯрдан надорем. Об дар инҷо пулакӣ аст. Оби дастшӯйиро хӯрда намешавад. Як литр оби ошомиданӣ 3 рубл аст ва мо ҳозир чунин имкон надорем," – гуфт муҳоҷири тоҷик Исроил.
Ӯ афзуд, тақрибан 300 муҳоҷири дигар дар Мариупол ҳамин вазъу шароити ӯро доранд. Онҳо дар ин шаҳр биноҳои аз ҷанг осебдидаро тоза ва барои таъмир омода мекарданд.
Ба нақли муҳоҷирони тоҷик, беш аз як моҳ боз бекору бепул мондаанд. "Билет 3 ҳазор рубл аст. Пул надорем, ки ба Маскав баргардем, то зиндагии обод кунем. Дар инҷо ҷанг аст. Аз Тоҷикистон бароямон пул мефиристанд, ки зинда монем," – нақл кард Исроил рӯзи 13-уми март.
Видеоро дар инҷо бинед:
Вай ва муҳоҷирони дигари тоҷикро эълонҳои кор бо маоши хуб дар Инстаграм ба Мариупол бурд. Ҷавони тоҷике дар ин шабака бо нашри чанд навор аз ҷараёни кор дар сохтмонҳои Мариупол муҳоҷиронро аз Русия барои кор ба ин шаҳр хондааст. Ба онҳо барои ҳар моҳ 120 ҳазор рубл, ҷойи хоб бо тамоми шароит ва нақлиёти бепул ваъда медоданд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар Мариупол маоши хуби ваъдагӣ ва ҷойи хоби бепулро надиданд. Дар онҷо бо пули худ дар хонаҳои иҷора зиндагӣ доранд ва акнун маҷбуранд, аз оилаҳояшон дар Тоҷикистон барои хӯроку зиндагӣ пул пурсанд.
Муҳоҷирон аз мудири ширкате, ки онҳоро ба Мариупол бурд, "Ҳоҷӣ Фозил" ном мебаранд. Ӯ дар як суҳбати телефонӣ рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ иддаои муҳоҷиронро рад кард.
"Пули моҳи январро гирифтаанд, маоши моҳи февралро ҳам 3-4 рӯз пас мегиранд. Касе ба шумо ин маълумотро додааст, нодуруст аст. Вазифадор нестам, ки дар назди Озодӣ ё кас дигар ҳисобот диҳам. Бо далел гап занед, номи онҳоро биёред," – гуфт намояндаи ширкате, ки муҳоҷиронро барои кор ба Мариупол бурдааст.
Муҳоҷирон, ки аз нагирифтани пул шикоят мекунанд, ба далели ноамнӣ ва бехатарии худ дар Мариупол намехоҳанд, номашон фош шавад. Онҳо мегӯянд, намедонанд, ба куҷо муроҷиат кунанд ва чӣ тавр ҳаққи худро биситонанд.
Русия шаҳри Мариуполи Украинаро пас аз ҷангҳои сахт дар моҳи майи соли 2022 ғасб кард. Ин шаҳр дар натиҷаи даргириҳои шадид хароб шудааст ва ҳоло Русия бо ҷалби муҳоҷирон мехоҳад, онро бозсозӣ кунад.
Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон ҳушдор додаанд, ки ба чунин минтақаҳо нараванд. Украина вуруди хориҷиёнро ба Мариупол ҷиноят ва марзшиканӣ медонад.
Гуфтугӯ