"Хона омадам, гиря кардам." Модари Бузургмеҳр гуфт, писарашро боз ҷазо доданд

Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик мегӯянд, баъди ирсоли як нома аз дохили зиндон ӯро барои ду ҳафта ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ (ШИЗО) интиқол додаанд.

Ду ҳафта пеш Бузургмеҳр Ёров аз дохили зиндон ба пайвандонаш нома фиристода, ҷузъиёти парвандаи нав алайҳашро шарҳ дода буд.

Маъмулан, боздоштгоҳи ҷаримавӣ ё ШИЗО утоқест дар дохили зиндон, ки маҳбусонро барои нақзи қоидаҳои маҳбас дар шароити сахттар ва танҳо нигаҳ медоранд.

Ҳуриниссо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 9-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чор рӯз пеш ба писараш ғизо бурд, вале посбонони зиндон қабул накарданд. “Онҳо ба ман гуфтанд, ки Бузургмеҳр Ёров ба утоқи ҷаримавӣ бурда шудааст ва ҳеҷ чиз қабул карда намешавад. Пурсидам, барои чӣ ба ШИЗО бурдед, чизе нагуфтанд. Хона омадам ва гиря кардам. Ман панҷ сол аст, ки ӯро надидаам,”—мегӯяд, модари Бузургмеҳр.

Масъулони Боздоштгоҳи рақами 1 дар Душанбе ва Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлия ба зангҳои мо посух надоданд.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр мегӯяд, эҳтимол сабаби аслии ба утоқи ҷарима бурданаш нашри номааш дар бораи ҷузъиёти парвандае аст, ки мақомот онро махфӣ эълон карда буданд.

Ӯ гуфт, то ҷое огоҳӣ ёфтаанд, Бузургмеҳр то рӯзи 15-уми май дар онҷо мемонад. Бузургмеҳр Ёров дар номаи худ, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, навиштааст, парвандаи нав нисбати ӯ бо ҷурми “қаллобӣ” ва бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шудааст.

Маҳбуси даъвогар иддао кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ, 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Ҷамшед Ёров, раиси "Бунёди Бузургмеҳр" рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин номаро Бузургмеҳр як моҳи пеш баъди интиқол аз маҳбаси пӯшида ё низомаш сахттар ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 навиштааст. “Ба иддаои Ҳасанов, оилаи ӯ, Тағоева Боғигул, моҳи апрели 2022 ба наздикон, аз ҷумла ба хоҳар ва ба ҳамсари Бузурмеҳр қисме аз пул ё 15000 сомонӣ додааст.”
Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо ҳамсари Ҳасан Ҳасанов натиҷа надод.
Бузургмеҳр Ёров дар номааш аз тафтишот хостааст, ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Мақомоти тафтишот ба ин иҷоза надодааст.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари Бузургмеҳр мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон парвандаи “қаллобӣ” зарурат ба муҳри махфӣ надорад.

Ба гуфтаи ӯ, даъвогар Ҳасан Ҳасанов, ки соли 2018 ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, барои онҳо ношинос нест ва дар гузашта, ба созмони “Бунёди Бузургмеҳр” нома навишта, дар бораи зиндониҳо хабар медодааст. Ҷамшед Ёров бар ин аст, ки "маҳбус Ҳасанов зери фишори мақомот зидди Бузургмеҳр баёнот додааст."
Ин парвандаи чаҳорум алайҳи Бузургмеҳр Ёрови 52-сола аст. Вай соли 2015 дастгир ва дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Худаш ҳамвора гуфтааст, ки гуноҳ надорад.

Як кумитаи Созмони Милали Муттаҳид муҳокимаи ӯро ноодилона хонд ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, Бузургмеҳр Ёровро озод кунад. Мақомот пешниҳодро напазируфтанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Номаи Бузургмеҳр Ёров аз зиндон дар бораи парвандаи наваш Ба зидди Бузургмеҳр Ёров парвандаи нав кушодаандАмрико ба ҳимояти Бузургмеҳр Ёров ва 15 каси дигар бархостБузургмеҳр Ёровро дар зиндон танбеҳи сахт додаанд. ВИДЕОАз гузоришгари Созмони Милал хостанд, ба зиндонҳои Душанбе ва Ваҳдат биравадБародараш мегӯяд, ҳаёти Бузургмеҳр Ёров ва ҳамроҳонаш "дар хатар аст"Вакили зиндониро барои "баҳс дар бораи Эмомалӣ Раҳмон" ҷазо додаанд