Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи зиндонии тоҷик бо ирсоли як нома аз зиндон ҷузъиёти парвандаи нав алайҳи худро шарҳ додааст.
Наздикони вакили зиндонӣ дар оғози моҳи апрел аз боз шудани боз як парвандаи дигар нисбат ба ӯ ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, парвандаи акнун чаҳорум нисбат ба адвокати пешин аз сӯи Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ боз шудааст.
Як муфаттиши ин Раёсат, рӯзи 4-уми май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ, бидуни зикри номаш гуфт, парвандаи Бузургмеҳр Ёров махфӣ аст ва онро шарҳ дода наметавонад.
Бузургмеҳр Ёров дар номаи худ, ки нусхаи он дастраси Озодӣ шуд, навиштааст, парвандаи нав нисбати ӯ бо ҷурми “қаллобӣ” ва бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шудааст.
Маҳбуси даъвогар иддао кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ, 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.
Ҷамшед Ёров, раиси "Бунёди Бузургмеҳр" рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин номаро Бузургмеҳр як моҳи пеш баъди интиқол аз маҳбаси пӯшида ё низомаш сахттарин ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 навиштааст. “Ба иддаои Ҳасанов, оилаи ӯ, Тағоева Боғигул, моҳи апрели 2022 ба наздикон, аз ҷумла ба хоҳар ва ба ҳамсари Бузурмеҳр қисме аз пул ё 15000-ро сомонӣ додааст.”
Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо ҳамсари Ҳасан Ҳасанов натиҷа надод.
Бузургмеҳр Ёров дар номааш аз тафтишот хостааст, ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд.
Мақомоти тафтишот ба ин иҷоза надодааст.
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари Бузургмеҳр мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон парвандаи “қаллобӣ” зарурат ба муҳри махфӣ надорад.
Ба гуфтаи ӯ, даъвогар Ҳасан Ҳасанов, ки соли 2018 ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, барои онҳо ношинос нест ва дар гузашта, ба созмони “Бунёди Бузургмеҳр” нома навишта, дар бораи зиндониҳо хабар медодааст. Ҷамшед Ёров бар ин аст, ки "маҳбус Ҳасанов зери фишори мақомот зидди Бузургмеҳр баёнот додааст."
Мавқеи мақомот дар робита ба ин иддао дастрас нест.
Пайвандони Бузургмеҳр Ёров шикоят доранд, ки натавонистанд барои ӯ вакили мудофеъ пайдо кунанд. Қаблан модари ин вакили дифои зиндонӣ гуфта буд, "аз тарси фишори мақомоти тафтишотӣ ва амниятӣ ҳимояи писарашро дар додгоҳ ба зимма намегиранд."
"Адвокате, ки аз ҷониби давлат ба Бузургмеҳр Ёров додаанд, дар мурофиаҳо ҳамагӣ як ё ду дафъа иштирок кардаву бас," – омадааст дар изҳороти "Бунёди Бузургмеҳр".
Ин парвандаи чаҳорум алайҳи Бузургмеҳр Ёрови 52-сола аст. Вай соли 2015 дастгир ва дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Худаш ҳамвора гуфтааст, ки гуноҳ надорад.
Як кумитаи Созмони Милали Муттаҳид муҳокимаи ӯро ноодилона хонд ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, Бузургмеҳр Ёровро озод кунад. Мақомот пешниҳодро напазируфтанд.