“Бунёди Бузургмеҳр”, як созмони ҷамъиятии марбут ба пайвандони адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров дар Лаҳистон дар номае аз гузоришгари вижаи Созмони Милал хостааст, бо зиндониёни сиёсӣ ва пайвандони онҳо бе ҳузури намояндагони мақомот мулоқот кунад.
Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 28-уми ноябр ба Тоҷикистон рафт ва то 9-уми декабр дар кишвар хоҳад буд. Дар номаи ин созмон, ки рӯзи 6-уми декабр нашр шуд, аз гузоришгари СММ хоста шудааст, ки ба мақомоти тоҷик бовар накунанд ва худашон бо пайвандони зиндониёни сиёсӣ, адвокатҳои зиндонӣ ва дигар фаъолони боздоштшуда мулоқот дошта бошанд.
Тоҷикистон вуҷуди зиндониёни сиёсӣ дар кишварро рад мекунад, вале мунтақидони ҳукумат ҳабси мухолифону адвокатҳо озодандешону рӯзноманигоронро зиндониёни сиёсӣ меноманд, зеро онҳо барои андешаҳояшон таъқиб шудаанд.
Дар нома гуфта мешавад, ки тамоми бахшҳои кору зиндагии мардум дар Тоҷикистон зери назари ҳукумат қарор дорад ва амалан ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ саркӯб шудааст. Аз гузоришгари СММ инчунин хоста шудааст, ки ба вазъи Бузургмеҳр Ёров таваҷҷӯҳ кунанд, ки ҳоло ба маҳбаси низомаш сахт интиқол ёфтааст.
Ба Мэри Лолор дар ин нома навиштаанд, ки “Агар имкон доред, ба маҳбаси Душанбе ва Ваҳдат равед ва бо худи зиндониёни сиёсӣ мулоқот кунед ва аз шароити нигаҳдории онҳо, хурду хӯроку дастрасиашон ба хадамоти тиббӣ шинос шавед.” Мэри Лолор пештар гуфта буд, ки диққати асосиро ба татбиқи Эъломияи мудофеони ҳуқуқи инсон ва санадҳои дигари ҳуқуқии байнулмилалӣ равона хоҳад кард.
Мэри Лолор аз натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш медиҳад. Сафари гузоришгари Созмони Милал ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки танқидҳо аз маҳдуд шудани ҳуқуқи инсон зиёд аст. Имсол баъди амалиёти ҳукумат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 рӯзноманигору блогер боздошт ва чанде аз онҳо барои солҳои дароз ба зиндон маҳкум шуданд.
Инчунин, чанд ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Манучеҳр Холиқназаров, роҳбари Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир ва ҳуқуқшинос Фаромуз Иргашев боздошт шуданд ва таҳқиқи парванда ва муҳокимаашон идома дорад.
Гуфтугӯ