Ба зидди вакили зиндонӣ, Бузургмеҳр Ёров, парвандаи нав кушода, ӯро аз маҳбас ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе кӯчондаанд.
Мақомот дар бораи оғози иттиҳоми тоза нисбати Бузургмеҳр Ёров расман чизе нагуфтаанд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, парвандаи нав нисбати ин адвокати пешин аз сӯи Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ боз шудааст. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ чанд маротиба ба Дафтари матбуоти ВКД муроҷиат кард, аммо мақомот аз посух худдорӣ карданд.
"Бунёди Бузургмеҳр", қароргоҳаш дар Лаҳистон (Полша), рӯзи 4-уми апрел хабар дод, ки "ӯ ба қаллобӣ муттаҳам аст". Созмон парвандаро бофтаву сохта донист.
Ин банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (моддаи 247, қисми 4, бандҳои "а" ва "б") ҷарима ва ё аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро дар назар дорад.
Масъулони "Бунёди Бузургмеҳр" навиштаанд, парванда бар асоси гуё шикояти як маҳбуси зиндони шаҳри Ваҳдат боз шудааст. "Вале моҳият ва ҷузъиёти амале, ки боис ба ифтитоҳи парванда шуд, то ҳол аниқ ва муайян нест," – афзудаанд онҳо.
Бар асоси ин изҳорот, модари Бузургмеҳр Ёров шкиоят кардааст, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон "аз тарси фишори мақомоти тафтишотӣ ва амниятӣ ҳимояи писарашро дар додгоҳ ба зимма намегиранд."
"Адвокате, ки аз ҷониби давлат ба Бузургмеҳр Ёров додаанд, дар мурофиаҳо ҳамагӣ як ё ду дафъа иштирок кардаву бас," – омадааст дар изҳороти "Бунёди Бузургмеҳр".
Ин парвандаи чаҳорум алайҳи Бузургмеҳр Ёрови 52-сола аст. Вай соли 2015 дастгир ва дар умум ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш ҳамвора гуфтааст, ки гуноҳ надорад.
Як кумитаи Созмони Милали Муттаҳид муҳокимаи ӯро ноодилона хонд ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, Бузургмеҳр Ёровро озод кунад. Мақомот пешниҳодро напазируфтанд.
Гуфтугӯ