Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили зиндониро барои "баҳс дар бораи Эмомалӣ Раҳмон" ҷазо додаанд


Бузургмеҳр Ёров соли 2015 дастгир ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд
Бузургмеҳр Ёров соли 2015 дастгир ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд

Ба гуфтаи наздиконаш, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндониро барои баҳс дар бораи нақши раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷазо додаанд. Мақомот шарҳе надодаанд. Тамосҳо бо намояндагони Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи якшанбе бенатиҷа буд.

Бародараш Ҷамшед Ёров, раиси "Бунёди Бузургмеҳр", 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар остонаи рӯзи президент иттифоқ уфтода, "ӯ 15 рӯз дар утоқи танбеҳ хоҳад буд." Рӯзи президенти Тоҷикистонро 16-уми ноябр таҷлил карданд.

"Мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд. Танқидҳои ӯ ба масъулон писанд намеояд ва ба утоқи танбеҳ (ҷаримавӣ) ҷой кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ фишорро ба зиндониёни сиёсӣ идома медиҳанд," – гуфт Ҷамшед Ёров ба Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд, Бузургмеҳр Ёров як ҳафта бо наздикон тамос надошт ва чанд манбаашон дар зиндони шаҳри Ваҳдат дар бораи ҷазо гирифтани ӯ хабар расондаанд.

Тафсилоти баҳси Бузургмеҳр Ёров бо масъулони зиндони шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ маълум нест, аммо ба гуфтаи Ҷамшед Ёров "сабабаш таърифи мақомот ва танқиди ӯ аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон будааст".

"Мавқеи Бузургмеҳр Ёров нисбат ба раҳбарияти Тоҷикистон ба мақомот писанд наомадааст. Гуфтаҳои ӯро ду зиндонии дигар пуштибонӣ кардаанд ва ҳардуи онҳо низ дар утоқи ҷаримавӣ ҳастанд," – илова кард ӯ. Аз ду зиндонии дигар ном намебаранд.

Дар охири моҳи сентябри имсол Бузургмеҳр Ёров даҳ рӯзро дар утоқи танбеҳ гузаронд. Он замон намояндагони Идораи зиндонҳо гуфта буданд, ки ӯ ба лаҳзаи ҳозиру ғоиби маҳбусон наомад. Наздиконаш бовар доранд, "маъмурони зиндони нави шаҳри Ваҳдат барқасдона ӯро дар китобхона маҳкам карда, ба ҷазо гирифтанаш сабаб шуданд".

Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ба ҳимояи ҳуқуқии 14 узви раёсати олии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шуруъ кард ва баъд аз он ба қаллобӣ, сохтакорӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд гунаҳкор ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.

Ин ҳуқуқшинос бо онки ба бегуноҳии худ бовар дорад, шаш сол боз дар маҳбас ба сар мебарад. Наздиконаш мегӯянд, Ёровро мақомот ба хотири ҳимоят аз мухолифин ва содиқ мондан ба касбаш зиндонӣ карданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳабси Ёровро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда, борҳо аз Тоҷикистон хоста буданд, ӯро аз зиндон раҳо кунад. Cозмони Милали Муттаҳид айбномаи ӯро беасос номид.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, қаблан дар як ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт, "Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Зайд Саидов… наметавонанд озод шаванд, чун ҷиноятҳои махсусан вазнин кардаанд ва дар доираи муҷозоти пешбиникардаи қонуни Тоҷикистон бояд ҷавоб гӯянд, на бар асоси қадом қонунҳои дигар".

Бузургмеҳр Ёров 51-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 то лаҳзаи боздошт ҳамчун вакили мудофеъ кор мекрад ва мудири иттифоқи адвокатии “Сипар” буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG