Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародараш мегӯяд, ҳаёти Бузургмеҳр Ёров ва ҳамроҳонаш "дар хатар аст"


Бузургмеҳр Ёров ва Ҷамшед Ёров
Бузургмеҳр Ёров ва Ҷамшед Ёров

Бародараш мегӯяд, вакили мудофеи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров пас аз шиканҷа дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат рӯзи 24-уми ноябр ба зиндони низомаш сахттарини Душанбе бурда шудааст. Ҷое, ки ба қавли Ҷамшед Ёров, "ҳаёти ӯ ва чанд нафари дигар зери хатар аст."

Кӯшишҳо барои гирифтани шарҳи намояндагони Идораи зиндонҳо рӯзи панҷшанбе бенатиҷа монд. Тасдиқи мустақилонаи хабар ғайриимкон аст.

Ҷамшед Ёров, мудири "Бунёди Бузургмеҳр", гуфт, ба иттилои дарёфтии онҳо, бародарашро "ҳамроҳи панҷ нафари дигар ба маҳбаси пӯшида бурданд".

"Номи ҳамроҳонаш маълум нест. Идораи зиндонҳо низ хабар надодааст, ки онҳоро дар кадом маҳбаси пойтахт ҷой карданд. Худаш ҳаминро гуфтааст, ки тақрибан ду сол аз тамос ва имкони гирифтани паёму хӯрок маҳрум хоҳад буд. Хабарро аз дохили зиндон расонданд," -- афзуд Ёров.

Дар ҳоле ки мақомоти зиндонҳо қазияро шарҳ намедиҳанд, Ҷамшед Ёров мегӯяд, бародараш шаби 23-юми ноябр дар утоқи танбеҳ шиканҷа шуда, дар шифохонаи зиндони шаҳри Ваҳдат ҳам будааст. Ӯ афзуд, аз сарнавишти Бузургмеҳр Ёров ва маҳбусони дигар ташвиш доранд ва барои мадад ба созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар муроҷиат кардаанд.

Бузургмеҳр Ёровро ҳафтаи гузашта барои баҳс дар бораи нақши раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба утоқи танбеҳ бурда буданд. Ӯ дар охири моҳи сентябри имсол даҳ рӯзро дар утоқи танбеҳи зиндони Ваҳдат гузаронд. Он замон намояндагони Идораи зиндонҳо гуфта буданд, ки ӯ ба лаҳзаи ҳозиру ғоиби маҳбусон наомад.

Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ба ҳимояи ҳуқуқии 14 узви раёсати олии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шуруъ кард ва баъд аз он ба қаллобӣ, сохтакорӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд гунаҳкор ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.

Ин ҳуқуқшинос бо онки ба бегуноҳии худ бовар дорад, шаш сол боз дар маҳбас ба сар мебарад. Наздиконаш мегӯянд, Ёровро мақомот ба хотири ҳимоят аз мухолифин ва содиқ мондан ба касбаш зиндонӣ карданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳабси Ёровро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда, борҳо аз Тоҷикистон хоста буданд, ӯро аз зиндон раҳо кунад. Cозмони Милали Муттаҳид айбномаи ӯро беасос номид. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар як ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт, "Бузургмеҳр Ёров наметавонад озод шавад."

Бузургмеҳр Ёров 51-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 то лаҳзаи боздошт ҳамчун вакили мудофеъ кор мекрад ва мудири иттифоқи адвокатии “Сипар” буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG