Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон рӯзи якуми апрел оғоз ёфт. Айни замон аз гӯшаву канори кишвар аз шеваҳои аҷиби фиристодани ҷавонон ба артиш хабар мерасад.
Тарзи нави ҷалби ҷавононро ба артиш дар ноҳияи Вахш таҷриба карданд. Дар дохили тоқӣ варақаҳоро гузоштанд. Агар аломати ҷамъ насибатон шуд, бояд ба артиш равед ва агар аломати тарҳ гирифтед, имсол озодед.
Қуръакашӣ дар ноҳияҳои дигари Тоҷикистон ҳам расм шудааст. Ҳузури волидон дар ҷараёни он ҳатмист. Оне, ки писараш дар Русия аст ва аломати ҷамъ гирифта, бояд фарзанди худро ба ватан биорад.
Ҳоло дар Суғду Рашту Хатлон аз фишор ба волидон ва бо шеваҳои мухталиф суҳбат мекунанд.
Ба қавли Рамазон Ҳусейниён, фаъоли сиёсӣ, дар шаҳри Исфара ин усулро ба кор бурдаанд: "Барқи мардум хомӯш карда мешавад. Баъзе аз масҷидҳоро дар моҳи Рамазон бастаанд. Дар идораҳои давлатӣ ба сокинон ҳуҷҷат намедиҳанд ва маҷбур мекунанд, ки фарзандҳояшон аз Русия омада, ба хидмат раванд. Ҷавонон розиянд, ки бар артиш раванд, вале агар шароит муҳайё шавад."
Ба иттилои дарёфтӣ, масҷиди ҷомеи Ҳазрати Шоҳро дар шаҳри Исфара бастаанд. Дар шаҳри Панҷакент падареро боздошт кардаанд, то писарашро аз Русия фаро хонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар се сол беш аз 100 сарбоз дар Тоҷикистон ба ҳалокат расидаандМақомот баръакс аз афзоиши сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд.
Муборакшоҳи Алимурод, сарбозе, ки барои дидорбинии волидонаш омадааст, мегӯяд, аз рафтан ба артиш метарсид, вале ҳоло розист. "Ман ҳам гуфта будам, намеравам, ки мезананд, лекин ин гап набудааст. Хизмат ҳоло хуб аст, ягон шикоят надорам," -- гуфт ӯ.
Ҳомиёни ҳуқуқ қуръапартоӣ ва фишорро ба волидон муассир намедонанд.
Дилрабо Самадова, масъули Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, гуфт, “ҷавонон манфиати шахсии худро дар хидмати ҳарбӣ намебинанд ва аз он даст мекашанд. Новобаста аз он ки уҳдадорӣ аст, агар ҳавасмандгардонӣ шавад, беҳтар. Ин методҳое, ки ҳоло дар навор дидем, ғайриқонунӣ аст ва бовариро ба артиш аз байн мебаранд.”
Сабабҳои асосии сарпечӣ аз хидмат дар артиши Тоҷикистонро бадрафторӣ бо сарбозони навомада дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ медонанд, ки гоҳе бо марг, худкушӣ ва маъюб шудани онҳо меанҷомад. Танҳо дар се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноят дар қисмҳои низомӣ ё ҷазо ва ё танбеҳ гирифтаанд.