Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар се сол беш аз 100 сарбоз дар Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, дар муддати 3 сол дар сафи неруҳои мусаллаҳ бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Дар як гузориши ҳукумат ба номи Созмони Милал, ки Радиои Озодӣ онро рӯзи 13-уми декабр дид, омадааст, ки ин теъдоди низомиён дар солҳои 2019 то соли 2021 ҷон додаанд ва сабаб “риоят нашудани ойинномаи низомӣ”, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва сӯистифодаи афсарон аз мақомашон аст.

Ба гуфтаи ҳукумат, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад.

"Усулҳо ва сабабҳои ҷиноят асосан яканд. Хизматчиёни ҳарбие, ки зиёда аз як сол аст дар артиш ҳастанд барои бартарии худро нишон додан ва фароҳам овардани шароити мусоид фароҳам овардан ин корҳоро мекунанд,"-омадааст дар гузориши ҳукумат.

Дар гузориши ҳукумати Тоҷикистон, ки охири моҳи ноябр ба СММ пешниҳод шудааст, гуфта шудааст, ки барои пешгирӣ аз бадрафторӣ, дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ рақамҳои боварии сохторҳои қудратиро насб кардаанд

Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд. Бино ба ин гузориш дар маҷмӯъ дар давоми се сол (2019-2020-2021) хизматчиён ҳарбӣ беш аз 2245 ҷиноят содир кардаанд.

Як сабаби қонуншиканиҳо дар хизмати ҳарбӣ ин набуди назорат гуфта шудааст. "афроди масъул, бо сарбозон муносибати хуб надоранд ва онҳоро таҳқир мекунанд, ки ин метавонад ба содир шудани ҷиноят ва ҳодисаҳои дигари норхуш сабаб гардад" -омадааст дар гузориши ҳукумат оид ба вазъи хизмат дар артиш.

Бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон, ки дар баъзе ҳолат ба маъюб шудан ё марги сарбозон меанҷомад, ҳарфи нав нест ва ҳамасола хабарҳо аз зургӯйӣ ё “дедовшина” расонаӣ мешавад.

Радиои Озодӣ моҳи октябри имсол аз марги як сарбози тоҷик дар қисми ҳарбии нооҳияи Мурғоби Бадахшон хабар дода буд. Ба гуфтаи наздиконаш Шоҳрух Маҳкамови 19 сола, ки як сол пеш ба артиш бурда шуда буд, қабл аз марг аз бадрафторӣ дар қисми ҳарбӣ шикоят мекардааст. Мақомот гуфтанд, ӯ аз беморӣ даргузашт, аммо пайвандонаш ба ин иддао бовар надоранд ва хоҳони таҳқиқи ҳодиса шудаанд.

Ба гуфтаи огоҳон яке аз сабабҳои аслии саркашии аксар даъватшавандашо аз хидмат дар артиш ҳамин бадрафторӣ ва муносибатҳои ғайриоиномавӣ бо наваскарон аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG