Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пул ё қонуни артиш. Чаро таваҷҷуҳ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шуд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тақрибан 60 ҳазор кас соли гузашта ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуда, бештар аз 11 ҳазор нафар ба дарс ҳозир нашудаанд. Дар Маркази миллии тестӣ сабабро напардохтани пули шартнома гуфтанд. Дигарон қонуни хидмат дар артишро далел меоранд.

Муовини мудири Маркази миллии тестӣ 6-уми феврал гуфт, ба масъулони донишгоҳу донишкадаҳо дастур шудааст, ки ҳаққи таҳсилро кам кунанд ё аз меъёри ҳозирааш боло набаранд.

Ба гуфтаи Абдулвосит Шодиниё, як пурсиши онҳо чунин натиҷа дод: "53,6 дарсад ҷавоби манфӣ доданд. 39,9 дарсад ҷавоби мусбат. Барои қисме аз довталабон имкони пардохти маблағ сабаб шудааст. Қисме аз онҳо новобаста аз доштани чунин имкон ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудаанд."

Дар ҳоли ҳозир маблағи таҳсил дар коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳои Тоҷикистон, вобаста ба факулта ва ихтисос, аз 2500 сомонӣ то бештар аз 16 ҳазор сомонист. Дар кишваре, ки ҳадди ақалли маош беш аз 600 сомонисту аксар аҳолӣ аз камбуди ҷойи кор азият мекашанд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар гузашта чанд дафъа аз афзоиши нархи таҳсил дар донишгоҳҳо хабар дод. Намояндагонаш далели боло бурдани маблағи шартномаро ба "дархости масъулони мактабҳои олӣ ва афзоиши нархи маҳсулоту сатҳи таваррум" пайванд додаанд. Донишҷӯёну волидонашон ҳамвора нигаронанд.

Як корманди Маркази милли тестӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, "ҳар сол маблағи шартнома 200-400 сомонӣ зиёд мешавад. Дар "Роҳнамои донишҷӯ" шартномаи соли гузаштаро нишон медиҳем. Донишҷӯ моҳи июл меравад ва мебинад, ки маблағи шартнома нав ва зиёд шудааст, аз ин рӯ, баъзеҳо даст мекашанд."

Навор дар инҷост:

Чаро 11 000 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳ нарафтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

Дар умум дар се соли охир нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон иҷро намешавад. Таваҷҷуҳ ба маконҳои як замон "серхаридор" кам шуда. Намояндагони баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ равандро ба қабул ва иҷрои қонуни нав дар бораи хидмат дар артиш рабт медиҳанд.

Дилрабо Самадова, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", рӯзи 6-уми феврал гуфт, баъзе аз ҷавонон ба донишгоҳ ба хотири ба таъхир андохтани хидмат дохил мешуданд.

"Аксаран барои кафедраи ҳарбӣ дохил мешуданд. Акнун бо қабули қонуни нави хидмат пас аз хатми кафедраи ҳарбӣ бояд як сол ба ратиш раванд. Барои ҳамин, ба фикрам, шумораи донишҷӯён кам шудааст," – изофа кард ӯ.

Қонуни нави хидмат дар артиши Тоҷикистон дар аввали соли 2021 қабул шуд. Бар асоси он донишҷӯёне, ки дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекунанд, бояд як сол хидмат кунанд ва муҳассилони риштаи магистратура ва докторантура ҳаққи ба таъхир гузоштани хидматро надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG