Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба 342 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиноснома ва санади иқомат додааст


Русия дар соли гузашта ба беш аз 173 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиноснома; ба 121 ҳазор нафар иҷозаи иқомати доимӣ (ВНЖ) ва ба 48 ҳазор кас иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) додааст. Ин шумора ба зиёда аз се дарсади аҳолии Тоҷикистон баробар аст.

Оморро Вазорати корҳои дохилии Русия дар охири моҳи январ нашр кард.

Дар пасманзари ҳамлаи бедалели Маскав ба Украина ва басеҷи нерӯҳои иловагӣ ба артиш, дар умум, майли хориҷиён ба гирифтани шаҳрвандии Русия коҳиш ёфтааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия ҳам пинҳон намедорад, ки талабгорони шиносномаи русӣ дар соли 2022 (691 ҳазор кас) дар муқоиса ба соле пеш аз он 44 ҳазор маврид камтар буд.

Сокинони Тоҷикистон, баръакс, дар муқоиса ба соли 2021-ум 70 ҳазор нафар бештар шиносномаи русӣ гирифтаанд. Бар асоси омори Вазорати корҳои дохилии Русия, дар се моҳи охири соли гузашта ба ҳисоби миёна - ҳар рӯзе 600 нафар.

Омори ВКД-и Русия дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соли 2022 шиносномаи русӣ гирифтанд:

  • Дар семоҳаи аввал – 33 ҳазор нафар;
  • Дар семоҳаи дуюм – 41 ҳазор нафар;
  • Дар семоҳаи сеюм – беш аз 45,5 ҳазор;
  • Дар семоҳаи чорум – беш аз 54 ҳазор.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, ки дар охири моҳи январи имсол нашр шуд, аз нигоҳи дарёфти шаҳрвандӣ тоҷикон пас аз украиниҳо дар ҷойи дуюм меистанд. Соли гузашта 297 ҳазор шаҳрванди Украина соҳиби шиносномаи Русия шудаанд.

Соли 2022:

  • Қариб 42 ҳазор нафар аз Қазоқистон (соли 2021 – 49,8 ҳазор нафар);
  • 27,2 ҳазор нафар аз Узбекистон (соли 2021 – 31,8 ҳазор);
  • 23,5 ҳазор нафар аз Қирғизистон (соли 2021 – 19,2 ҳазор);
  • 3,5 ҳазор нафар аз Туркманистон (соли 2021 – 3,6 ҳазор) шиносномаи русӣ гирифтаанд.

Дар байни Тоҷикистону Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад. Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ба хотири будубош, дарёфти кору имтиёз ва гурез аз санҷиши пайвастаи пулис хоҳони гирифтани шаҳрвандии Русия ҳастанд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби набудани ҷои кору маоши муносиб дар кишвар ба Русия мераванд. Дар айни замон онҳо аз эҳтимоли ҷалб шудан ба артиши Русия ва рафтан ба ҷанги зидди Украина нигаронанд.

То кунун чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи Русияро доштанд, дар ҷанги Украина кушта шуданд. Бархе дигар баъд аз эълони басеҷи нерӯи иловагӣ ба артиш ба кишвар баргаштаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG