“Азия-Плюс” фармони Владимир Путинро “Дар бораи хидмати шаҳрвандони хориҷӣ дар артиши Русия” шарҳ додааст. Дар матлаб ин мавзуъ матраҳ шуда, ки оё шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия вазифадоранд, дар артиши он кишвар хидмат бикунанд ё не?
Ба қавли ҳуқуқшинос, тоҷиконе, ки соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд (шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистон), мумкин аст, барои хидмат дар артиши Русия даъват шаванд. Тибқи қонунуҳои Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвар барои ширкат дар моҷароҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ ҷазо хоҳанд гирифт. Ҳуқуқшинос ба нашрия гуфтааст, дар сурати дар комиссариатҳои ҳарбии Русия сабти ном шудан, афроди душаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муҷозот нахоҳанд шуд.
“Фараж” нақши Русияро ба дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда, навиштааст, “маҳз дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд ва ба ҷанги дохилӣ дар кишвар хотима бахшид.”
“Русия барои Тоҷикистон на танҳо шарики стратегӣ ва ҳампаймон, балки дӯсти боэътимоде мебошад, ки дар лаҳзаҳои душвор китф ба китф истода, пуштибонӣ мекунад,” -- навиштааст нашрия. Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябр дар як нишасте дар Остона аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро “ҳурмат” кунад.
“Пайк” хоҳони мусолиҳа миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифон шудааст. Ба навиштаи нашрия, ҳоло ҳам имкони гуфтугӯ вуҷуд дорад. Муаллиф пешниҳод кардааст, ба ин манзур Кумитаи Мусолиҳа созмон дода шуда, аммо ба ин ниҳод на намояндагони мухолифону ҳукумат, ки “ба хуни ҳамдигар ташнаанд”, балки афроди муътадил дохил шаванд. Ба навиштаи нашрия, “барои дарёфти роҳи мусолиҳа бояд сабабҳои мухолифат дарёфт ва ошкор шаванд.”
“Тоҷикистон” баргузории Анҷумани 6-уми кишварҳои туркзабонро дар шаҳри Самарқанди Узбекистон бозтоб дода, дар матлаби дигаре роҳҳои ҳалли саркашии ҷавононро аз хидмат пешниҳод кардааст.
Ба навиштаи нашрия, “ба ҷавононе, ки хидматро адо накардаанд, барои издивоҷ, дарёфти вазифаҳои давлатӣ ва сафар ба муҳоҷирати корӣ иҷоза дода нашавад. Муддати хидмат аз 2 соли ҳозира то 1 сол коҳиш ёбад ва барои ҷилавгирӣ аз фасод кумисюнҳои тиббии ҳарбӣ танҳо дар пойтахт кор кунанд.”
“СССР” дар матлаби “Ҷанге, ки мо ба қирғизҳо бохтем” далели бохти ҷанги иттилоотиро дар муноқишаи сарҳадӣ шарҳ додааст. Ба навиштаи нашрия, сабаби асосии бохт суръати поини Интернет аст. “Имрӯз ҷангҳои муосири иттилоотӣ тавассути Интернет сурат мегиранд. Ҳамин мушкили суст будани суръати Интернет буд, ки Тоҷикистон ҷанги иттилоотиро ба Қирғизистон бохт,” – навиштааст муаллиф.
Гуфтугӯ