Абдулло Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, дар охири соли 2022 ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯро дар замоне боздошту муҳокима карданд, ки ба қавли ҳамсараш, Муборак Қосимзода, фарзанди нахустини онҳо Масъуд ба дунё омад ва "зуд аз навозишу дӯстдории падар маҳрум шуд".
Додрас Ғурбатиро ба задану таҳқири намояндаи ҳокимият ва пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донист.
Худашу наздикон беасос дониста, бозбинии ҳукмро хостанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ӯро дигар накард. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарифов аз идомаи ҳимояти ҳуқуқӣ даст кашид. Аз онки мурофиа паси дарҳои баста ва дур аз чашми ҷомеаи шаҳрвандӣ гузашт, ҳамкасбон дурустии ҳукмро зери шубҳа мегузоранд.
"Агар ин миллат як соҳиб медошт..."
Абдулло Ғурбатии 26-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳсҳои тундаш маъруф буд. Як муддат бо аъзои гуруҳи "Авангард", ки аз пуштибонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бархурдор аст, баҳс дошт.
Вокунишҳои Ғурбатӣ дар баробари мушкилоти ҷомеа аз аксарият фарқ мекард. Ба қавли дӯстонаш, "созанда буд, аммо тунд". Ӯ пас аз пахши навори фирори донишҷӯёни як коллеҷ аз "облава" вокунише навишт, ки баъдан як далели зиндонӣ шуданаш гардид.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Сарбозшикор" дар Ёвон. Духтарон нагузоштанд, ҷавононро ба артиш барандДодситонии кулли Тоҷикистон дар эъломияе аз ин навиштаи Абдулло Ғурбатӣ иқтибос овард, ки ин аст: "Агар ин миллат як соҳиб медошт, агар ин давлат як қонун медошт, агар ин ҳукумат як вазир медошт, ҷавони тоҷик аз тиреза поин афкандани худро аз хидмат ба ин миллату давлат боло намедонист... Ҳоло ҳар дашноме мехоҳед, ба ман бидиҳед, ба "биҳишти рӯи замин"-атон бовар надорам. Ба ягон идеяи миллӣ, ба ягон вазиру кабиру пешво бовар надорам."
Яке аз дӯстонаш (ба далели амниятӣ номаш зикр намешавад) гуфт, "Абдулло Ғурбатӣ бисёр бовар дошт, ки дар доираи қонун танқид кардан иҷозат аст ва барои ин ҷазо намедиҳанд. Аммо ӯ аз қонунҳои нонавишта камтар хабар дошт."
Ба қавли мусоҳиби мо, Ғурбатӣ аз аввал "феъли якравӣ" дорад ва дар баробари ноҳаққӣ зуд вокуниш мекунад. Ба гуфтаи яке аз онҳо, ба хотири ҳамин якравиаш таҳсилро дар Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб "партофт" ва барои ёфтани кору дониш ба Душанбе кӯчид.
Ду ҳодиса
Абдулло Ғурбатӣ дар Душанбе асосан дар бахши чандрасонаии гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" кор мекард. Номи ӯ ду дафъа дар пайванд ба латукӯб шуданаш расонаӣ шуд. Моҳи майи соли 2020 Абдулло Ғурбатиро нахуст дар Душанбе ва бори дуюм дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон заданд.
Сабабгорони ҳамлаи аввал мисли аксар қазияи латукӯби рӯзноманигорон нокушода монд. Дар ҳодисаи дувум се сокини Хуросон гунаҳкор эълон шуда, 580 сомонӣ ҷарима шуданд. Худаш ҳарду ҳодисаро ба кораш рабт дод.
Яке аз дӯстонаш гуфт, Абдулло Ғурбатӣ баъди ин ду ҳамла аз амнияташ хавотир буд: “Абдулло ба дастгирии ҷомеаи журналистӣ бисёр умеди калон дошт ва шояд ин умедворӣ аз ҳад зиёд буд. Ӯ баъд аз ин ҳамлаҳо ҳамкасбонашро қариб ки дар бараш надид ва ин чиз ӯро бисёр ноумед кард. Аз ин рӯ, доимо ҳис мекард, ки касе ӯро таъқиб мекунад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамлаваронро шинохт. Додгоҳ се сокини Хуросонро ҷарима баст. ВИДЕОАбдулло Ғурбатӣ чанд моҳ қабл аз боздошт бо Далери Имомалӣ, блогери тоҷик кор мекард ва барои саҳифаи ӯ дар Ютуб гузориш омода мекард. Гузоришҳои видеоии онҳо дар бораи мушкилоти иҷтимоӣ ва рӯзҳои қабули вазирон миллионҳо тамошобин дошт.
Хабарнигори ҷавони тоҷикро рӯзи 15-уми июни соли 2022, замоне боздошт карданд, ки барои хабардор шудан аз сарнавишти ҳамкораш Далери Имомалӣ ба бинои Додситонии ноҳияи Шоҳмансур рафт. Ӯро аввал ба бинои додситонӣ даъват карда, баъдан ба бинои ҳамшафати Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур гузаронданд.
Мақомот мегӯянд, Абдулло Ғурбатӣ дар дохили бинои ШКД майори милиса Муродов Д.Ҷ-ро таҳқир карда, рутба ва чаҳор тугмаи ӯро канд ва ба гарданаш як мушт зад. Абдулло Ғурбатӣ чанд маротиба аз додгоҳ талаб кард, ки навори ҳодисаро нишон диҳанд. Мақомот ин наворҳоро на ба додрас ва на ба ҷомеа нишон надоданд.
Иттиҳоми дигари мақомот алайҳи Ғурбатӣ, узвият дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Масъулони Додситонии кул рӯзноманигорро ба пайравӣ аз "Аздо ТВ", як саҳифаи наздик ба мухолифони ҳукумат дар Ютуб ва истифодаи наворҳояш дар ин шабака муттаҳам кардаанд. Дӯстонаш мегӯянд, Ғурбатӣ на инки аз мухолифон тарафдорӣ намекард, балки бо онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вориди баҳс мешуд.
"Ростӣ, то охир мунтазир будам, ки додгоҳ ҳукми сафед қабул мекунад. Умеде ба ақли солим ва адолати судӣ доштам. Мутаассифона, ҳукми додгоҳ ба ҳамон тарзе баромад, ки моҳҳои охир дар Тоҷикистон "муд" шудааст. Яъне, ноодилона," – хулоса кард таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров.