Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Идибек Латипов". Номи нав дар парвандаи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ. ВИДЕО


Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Тибқи иттилои дарёфтӣ, таҳқиқи парвандаи хабарнигорон – Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ – ба марҳилаи ниҳоӣ расида, эҳтимол рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода шавад. Як далели мақомот ба зидди онҳо таблиғи ширкате будааст, ки гуё номи соҳибаш дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллист. Хабарнигорон гуфтаанд, дар ин бора намедонистанд.

Идибек Латипов кист?

Саҳифаи Далери Имомалӣ дар Ютуб моҳҳои охир фаъол буд ва наворҳояшро аз 50 ҳазор то 1 миллион бор медиданд. Ӯ ба мисли бисёре аз блогерон бар ивази маблағ молу маҳсулоти дигаронро таблиғ мекард. Яке аз ҳамин таблиғҳо ҳоло барои Далери Имомалӣ ва ҳамкораш Абдуллоҳ Ғурбатӣ дарди сар овардааст.

Ба иттилои дарёфтӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ ба таблиғи ширкати "Элнур" (Elnor) муттаҳам шудаанд. Раиси ширкат, Идибек Латипов, дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори "шахсони моил ба терроризм" будааст. Идибек Латипов рӯзи 29-уми июл дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2007 боз дар Миср кору зиндагӣ дорад ва иттиҳоми мақомотро нисбати худ "беасос" номид.

Дар ҳоле ки номи ӯро дар рӯйхат "Латипов Идибек Файзибекович, 1970" навиштаанд, худаш мегӯяд, "Латипов Идибек Фозилбекович" аст ва соли таваллудаш 1982.

Бонки Миллии Тоҷикистон "рӯйхати сиёҳ"-ро ба ҳадафи пешгирӣ аз пулшӯӣ ва сармоягузории силоҳи қатли ом тартиб додааст. Афроди шомили он ба Тоҷикистон пул фиристода наметавонанд. Намояндагони мухолифон фишанги фишоре алайҳи худ ва пайравонашон медонанд.

Номи Идибек Латипов ва ширкати "Элнур", ки таблиғи он барои Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ мушкил овард, моҳи майи имсол дар саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ пайдо шуд.

Латипов дар тамоси телефонӣ рад накард, ки барои таблиғи ширкати "Элнур" ба саҳифаи Далери Имомалӣ муроҷиат кардааст, аммо гуфт: "Ин хабарҳо нисбати ман туҳмат аст. Тақрибан 16 сол пеш аз Тоҷикистон хориҷ шудам ва бо Тоҷикистон ҳеч иртибот надорам. Даҳ фарзанди ман дар Миср таваллуд шуданд. Ҳамкорӣ бо саҳифаҳое, ки бинандаи зиёд доранд, ҳаққи ман аст. Ба кадом асос маро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд, хабаре надоштам. Ин дурӯғ аст."

Имомалӣ ва Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо созмоне аз "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки миллии Тоҷикистон муттаҳам будаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

"Гуфтааст, ба Тоҷикистон пул фиристода наметавонад"

Мақомот дар ин бора тафсилот намедиҳанд. Вакили мудофеъ ба сабаби махфӣ будани парванда чизе нагуфт.

Як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, "Идибек Латипов дар охири моҳи апрел барои таблиғ ба Абдуллоҳ ва Далер муроҷиат карда, ба сари нарх ба созиш расидаанд. Хабарнигорон барои гирифтани пул корти миллии яке аз бонкҳои Тоҷикистонро пешниҳод кардаанд. Идибек Латипов гуфтааст, наметавонад аз Миср ба Тоҷикистон пул фиристад."

Ҳамсуҳбати мо афзуд, Латипов аз Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ хостааст, корти яке аз бонкҳои Русияро фиристанд ва ӯ пулро ба онҳо мерасонад.

Идибек Латипов дар тамоси телефонӣ ин нуктаро низ рад накард, вале далелашро чунин гуфт: "Ҳамкорони зиёди мо дар Қазоқистону Қирғизистон ва Русия ҳастанд ва бо онҳо тавассути кортҳои "Сбербанк" додугирифт мекунем. Дар бонкҳои Тоҷикистон ҳисобе надорем. Мо инро гуфта будем."

Ин ду рӯзноманигор, бахусус Абдуллоҳ Ғурбатӣ, дар бозпурсиҳо гуфтаанд, намедонистанд, ки номи Идибек Латипов, молики ширкати "Элнур" дар рӯйхати шахсони "алоқаманд ба терроризм"-и Бонки Миллӣ аст.

Хулосаи манфии як сиёсатшиноси тоҷик

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн аз сӯи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуданд. Дар оғоз Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва расондани хабари бардурӯғ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба зӯроварӣ алайҳи корманди пулис гумонбар мешуданд.

Дертар мақомот алайҳи ду рӯзноманигор ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ парванда кушоданд. Наздикони Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ айбномаро рад мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, як сиёсатшиноси устоди донишгоҳ ба навиштаҳои Абдуллоҳ Ғурбатӣ хулосаи манфӣ додааст. Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, сиёсатшинос навиштааст, дар матлаби Ғурбатӣ “таблиғи пинҳон”-и ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҷой дорад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо ҳамагуна робитаашро бо Ҳизби наҳзат рад кардааст. Масъулони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ низ гуфтаанд, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳеч гоҳ узв набуд ва иртиботе надошт.

Дар се моҳи охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир шудаанд. Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гаштааст ва худашон ҳушдор гирифтаанд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва таҳдиду фишор ба хабарнигоронро бас кунад. Мақомот вокунише накардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG