Як ҳайат аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барои баррасии вазъи озодии матбуот ба Тоҷикистон омадааст. Сафар дар замоне сурат мегирад, ки чанд хабарнигор дар Тоҷикистон боздошт шудаанд ва додгоҳҳо онҳоро яке паси дигар ба зиндон маҳкум мекунанд.
Тереза Рибейро, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, рӯзи 6-уми октябр дар Телеграм навишт, ки дар Тоҷикистон аст ва изҳори норозигиашро аз ҳукми рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ баён доштааст. Ғурбатии 26-соларо ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум карданд.
“Чунин ҳукмҳои даҳшатбор озодии расонаҳо ва озодии баёнро боз ҳам зери хатар мегузоранд. Ӯ бояд озод карда шавад,” -- навиштааст Рибейро дар Телеграм.
Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи панҷшанбе тасдиқ кард, ки дар ҷараёни мулоқоти ҳайати САҲА бо намояндагони ҳукумат Рибейро “ҳабси журналистону ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҳамла ба хабарнигорон, аз ҷумла кормандони Радиои Озодиро матраҳ кард.”
“Аз фоида холӣ нест”
Мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи мулоқот бо ҳайати Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо чизе нагуфтаанд. Танҳо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр хабар дод, ки як намояндааш бо ҳайат вохӯрд. Дар хабари расмӣ навиштаанд, ки озодии баёну ҳуқуқи рӯзноманигорон баррасӣ шуд, вале инки тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд, маълум нест.
Ба иттилои дарёфтӣ, баъзе аз намояндагони расонаву созмонҳои иҷтимоӣ низ бо ҳайати САҲА дар Душанбе суҳбат доштаанд, аммо ҷузъиётро эълон намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносону мудирони расонаҳо дар Тоҷикистон ба аҳамияти сафари ҳайат мавқеи гуногун доранд. Абдумалик Қодиров, раиси созмони “Медиа-Алянс” дар Тоҷикистон, мегӯяд, “ин сафар аз фоида холӣ нест.”
“Чунин ташрифҳо як ишорае ба ҳукумати Тоҷикистон мешавад. Ба хотири нигоҳ доштани тавозун, ба хотири иҷро кардани уҳдадориҳои байнулмилалияш, ки ваъда додааст, озодии баёну виҷдон ва озодии суханро ҳимоят мекунад.”
Ӯ таъкид кард, ҳарчанд таъсири САҲА ба ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир суст шудааст, ин дафъа эҳтимол вокуниш фарқ кунад. Чун, ба назари ӯ, “дар Тоҷикистон фишор ба матбуот ҳаргиз ба ин сатҳ нарасида буд.”
“Бо расонаҳо не, бо ҳукумат кор мекунанд”
Аммо баъзе аз соҳибрасонаҳо гумон доранд, ки омадани ҳайат чизеро дигар намекунад. Дар ҳоле ки ба қавли Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, “чаҳор сол аст, ки САҲА умуман бо воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҳамкорӣ надорад. Ҳар барномае, ки дорад, бо ҳукуматҳо, бо сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ аст.”
Масъулони дафтари САҲА дар Душанбе рӯзи 6-уми октябр ҳозир нашуданд, дар пайванд ба сафари ҳайати созмон ба Душанбе ва танқидҳо аз кори он суҳбат кунанд.
Юрген Ҳейссел, як масъули дафтари намояндаи САҲА дар масоили озодии матбуот дар Вена, ки ҳоло дар Душанбест, дар посух ба имейли Радиои Озодӣ гуфт, “сафари кории ҳайат ва мулоқот дар Душанбе ҳанӯз идома дорад” ва феълан барои шарҳи ин сафар омода нестанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Равобити Тоҷикистон бо Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо чанд сол боз ҳамвору содда нест. Тоҷикистон соли 2016 аз ин ниҳод шикоят кард ва бо таҳдиди бастани намояндагияш сабаби барканории ду раҳбари он шуд.
Душанбе аз баҳои созмон ба интихоботҳо ва минбар доданаш ба намояндагони ҳизбу гуруҳҳои мухолифи ҳукумат нороҳат аст ва имсол ҳам вакилони худро ба нишасти арзёбии вазъи ҳуқуқи башар ба Варшава нафиристод.
Гуфтугӯ