Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои ошкоргӯӣ зиндонӣ шуд." Вокунишҳо ба ҳукми Завқибек Саидаминӣ. ВИДЕО


Завқибек Саидаминӣ
Завқибек Саидаминӣ

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ барои ошкоргӯйӣ зиндонӣ шудааст, на ифротгароӣ. Додгоҳе дар Душанбе рӯзи 3-юми ноябр ӯро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи ҲНИТ ва "Гурӯҳи 24" ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард. Худаш гуфтааст, гуноҳ надорад.

"Ҳукумат танқидро қабул надорад"

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, як масъули "Гуруҳи 24", мегӯяд, Завқибек Саидаминӣ ҳеч гоҳ ҳамкори онҳо набуд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ "ҳақиқатро менавишту барои ҳамин ҷазо гирифт".

Ӯ рӯзи 4-уми ноябр афзуд: "Сабаби асосӣ ин аст, ки ҳукумати имрӯза танқидро қабул надорад. Ин рӯзноманигорон дар дохил буданд ва аз камбудҳо мегуфтанд. Инҳо мехостанд, ки миллати тоҷик дар як кишвари обод ва пешрафта зиндагӣ кунад. Танқидро қабул надоштани ҳукумат ҳамин аст, ки рӯзноманигорон пушти панҷара мераванд. На танҳо рӯзноманигорон, балки тамоми дигарандешон."

Завқибек Саидаминӣ, ки қаблан дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳам кор кардааст, солҳои охир бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва ошкоро амалкардҳои мақомоту ҳукуматро танқид мекард.

Ба гуфтаи Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигору адиби тоҷик, "маъмулан ҳукуматҳои мардумӣ аз озодии баён ва хабарнигори мустақил ҳеч ҳарос надоранд. Ин ҳукуматҳои номардумӣ ва диктаторӣ ҳастанд, ки аз озодии баён ва хабарнигори мустақил метарсанд. Ҳадафи аслӣ табиист, ки гирифтани пеши роҳи ошкор шудани асрори магӯяшон аст."

"Ҳатто агар гуноҳе медоштанд..."

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, муҳокимаи хабарнигорон, ки то ҳол сурат гирифтаанд, мухолиф ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҳастанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт: "Ман андеша мекунам, ки нисбат ба ин журналистони ҷавон бисёр ҷабр шуд. Ҳатто агар гуноҳе дошта бошанд, то ба ин дараҷа сахт маҳкум шудани онҳо аз рӯи адолат нест. Агар дар доираи стандартҳои байнулмилалӣ бигирем, ин қазияҳо ягон гуна асоси воқеӣ надоранд ва ин ҳама вобаста ба фаъолияти журналистӣ аст, ки ин фаъолият чунин рискҳо дорад."

Видеоро дар инҷо бинед:

"Ба ҷони хабарнигорони ҷавон ҷабр шуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар вокуниш ба ҳукми Завқибек Саидаминӣ хост, ӯ ва хабарнигорони дигари зиндонӣ озод карда шаванд. Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, дар баёнияе ҳукми додгоҳро танқид кард.

"Ё далел оред, ё раҳо кунед"

Гулноза Саид
Гулноза Саид

Гулноза Саид, намояндаи созмон, дар изҳороте рӯзи 4-уми ноябр гуфт, "мақомоти Тоҷикистон тамоми корро карданд, ки таъқиби хабарнигоронро пинҳон доранд. Далелҳои дастрас баёнгари онанд, ки Завқибек Саидаминӣ ба монанди ҳамкасбонаш Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода на чун “ифротгаро”, балки ба ҳайси тарафдори ошкорбаёнӣ ва озодии матбуот зиндонӣ шуд. Чизе, ки ба назар мерасад, мақомот аз он бисёр метарсанд.”

“Мақомот дар Тоҷикистон ё бояд далелҳои қонеъкуннадаро дар бораи онки рӯзноманигорон воқеан ҷиноят кардаанд, ифшо кунанд. Ва ё онҳо ва намояндагони дигари расонаҳоро, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, фавран озод кунанд," – афзуд Гулноза Саид.

Завқибек Саидаминиро рӯзи 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир карданд. Хабарнигори пешини "Телевизиони Тоҷикистон" бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд. Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо зиндонӣ шуданд. Ба ҷуз аз Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ 10 сол гирифтанд. Чанд нафари дигар муҳокима мешаванду мунтазири ҳукм ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG