Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳокимаи рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро муваққатан боздоштааст. Додраси парванда аз Додситонии кулли Тоҷикистон хоста, ки шикояти ӯро дар бораи шиканҷа шуданаш дар Идораи умури дохилии шаҳри Ваҳдат бисанҷад. Пирмуҳаммадзода моҳи октябри имсол дар номае шикоят кард, ки зери "таҳдиду таҳқир, азобу уқубат ва изолятсияи комил" гуноҳро ба дӯш гирифт.
"Додрас хост..."
Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе бе зикри ном рӯзи 29-уми ноябр гуфт, "санҷиш дар миёнаҳои ҳафтаи гузашта шуруъ шуд". Ба қавли мусоҳиби мо, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ҷараёни мурофиа чанд дафъа шиканҷа шуданашро аз тарафи маъмурони милисаи шаҳри Ваҳдат далел овардааст.
"Бинобар ин, додрас хост, шиканҷа шудан ё нашудани ӯро бисанҷанд. То он замон мурофиа таътил шуд. Бо расидани хулосаи муфаттишон муҳокимаи парванда идома хоҳад ёфт," – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Пирмуҳаммадзода дар як номааш аз Боздоштгоҳ моҳи октябри имсол гуфта буд, ки ба мустақилии додгоҳҳо дар Тоҷикистон бовар надорад ва мутмаин аст, ҳукмаш "пеш аз боздошт дар долонҳои ҳукуматӣ содир шудааст".
Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мунтазири таҳқиқи одилона ва мунсифонаи Додситонии кул ҳастанд.
"Заданду кӯфтанду ба барқ монданд"
Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст, моҳи октябр дар номае аз дохили Боздоштгоҳ навишт, он қадар "заданду кӯфтанду ба барқ монданд, ки мехостам бимирам."
Як манбаи наздик ба тафтишот нусхаи номаро, ки муаллиф хостааст, ба хотири “ифшои саҳнасозиҳои ҳукумат” расонаӣ шавад, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ расонд.
Рӯзноманигори 44-сола ва соҳиби чаҳор фарзанд 8-уми июли имсол дар зодгоҳаш, шаҳри Ваҳдат, дастгир шуд. Худаш дар нома навиштааст, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.
"Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам. Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гуё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам," – навиштааст ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо, ҳар гуна тамос ва маслиҳати инқилобро бо рӯзноманигори боздоштшуда рад кард.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи ноябри соли 2020 ва пас аз як муроҷиати ғайриодияш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон маъруф шуд. Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои зиёди нозирони роҳ ба дод омадааст. Аз он пеш дар радиои “Садои Душанбе” ва расонаҳои вобаста ҳукумат ба кор мекард.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Мақомот хабарнигоронро ба нашри иттилои дурӯғу ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карда, ҷараёни тафтишу муҳокимаро пинҳон медоранд.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ҳукми хабарнигоронро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон номида, хоҳони раҳоии хабарнигорон шуданд.
Гуфтугӯ