Як филми сохтаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, ба Ҷашнвораи байнулмилалии филмҳои кӯтоҳ дар Қазоқистон роҳ ёфтааст.
Ғолибони "Ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур" рӯзи 9-уми сентябр муайян мешаванд.
Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба номи "Хеле бузург" дар баробари 17 филм дар ин ҷашнвора ҷой дода шудааст.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба итттиҳоми ҳамла ба корманди пулис ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ моҳи июни имсол дастгир шуд. Худашу наздиконаш иттиҳомро сохта медонанд.
Мақомот дар Тоҷикистон дар се моҳи охир 7 рӯзноманигор ва блогерро дастгир кардаанд.
Боздошти Улфатхонум Мамадшоева, Хушом Ғулом, Муҳаммад Султон, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башарро ба миён овард. Мақомот то кунун даъватҳоро барои озодии рӯзноманигорон нодида гирифтаанд.
Гуфтугӯ