Садои Амрико: Сиёсати Иёлоти Муттаҳидаро баъд аз берун рафтани сарбозонаш дар қиболи Афғонистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Аҳмад Масъуд: "Ба ҷуз контроли бадтар нашудани авзоъ ва бештару қавитар нашудани гуруҳҳои террористии дигаре ба мисли ДОИШ; комилан ба замин нахӯрдани иқтисод ва расидагӣ ба умури занон, мутаассифона, сиёсати возеҳ, навишташуда ва қавиеро намебинам. Умед дорам, ки ба зудӣ тағйир кунад."
"ТОЛИБОН БА МО ҲАМЛА КАРДАНД"
Садои Амрико: Дастовардҳои яксолаатон чӣ буда? Чаро натавонистед, дар ин муддат ҷуғрофиёи зери назорати Ҷабҳаро густариш бидиҳед?
Аҳмад Масъуд: "Дар ҳамин марҳила тамоми талоше, ки сурат гирифт, қувват бахшидан ба зарфиятҳои муқовимат аст. Мо ба пирӯзӣ ва қуввати худ имон дорем. Дар айни ҳол талоши бештар барои густариш ҳаст. Гирифтани ҷуғрофиё, гирифтани маркази ноҳияву вилоятҳо дар тавони мо ҳаст, аммо ҷузъи стратегияи мо нест. Далелаш? Бисёр возеҳ. Тавони гирифтани ноҳияҳо вуҷуд дорад. Содиқона бояд бигӯям, дар сурате ки душман бо як қувваи калон биояд, имконоти мо барои нигаҳдорӣ кифоят намекунад. Мо талош дорем, ин мушкилро рафъ созем, вале замони тӯлониро мегирад. Кори қавитареро лозим дорад. Иншоаллоҳ, ин масъала ҳам ба даст хоҳад омад. Дар ин марҳила кӯшиши мо ҳамин буда, ки аз ҳар зарфияту муқовимати дохилӣ ҳимоят сурат гирад. Ҳамзамон талоши худро барои пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ анҷом медиҳем."
Садои Амрико: Муқовимати аввал аз ҳимояти шуморе аз кишварҳо бархурдор буд. Шумо дар якуним соли гузашта пуштибонии кадом кишвареро ба даст наовардед. Чаро?
Аҳмад Масъуд: "Фикр мекунам, ин вазъ бархоста аз иттифоқоти бист соли гузашта аст. Мутаассифона, қишри сиёсии Афғонистон бо ихтилоф, надоштани барномаи муназзам, басо мушкилоти дигар ва фурсатҳои аздастрафта нобовариеро дар сатҳи ҷаҳон касб кардаанд. Беэътимодӣ ҳам дар дохили Афғонистон ва ҳам берун. Замон ва фидокорӣ лозим аст. Дар якуним соли гузашта рӯз ба рӯз тағйири бештаре меояд. Боварам ин аст, ки эътимод нисбат ба Толиб коста ва мухолифонаш афзуда мешавад. Ин вақт мехоҳад. Муқовимат аз ибтидо талош дошт, аз роҳи сулҳ ва музокира мушкилро ҳал кунем. Ба Толибон фаҳмонем, ки ин рӯз омаданист ва дунё ҳозир аст, Шуморо ба расмият бишиносад, агар Шумо заминаи машруиятро аз мардум нагиред. Мутаассифона, Толибон ин масъаларо дарк накарданд ва роҳи низомиро пеш гирифтанд ва ба мо ҳамла карданд. Муқовимат ба қувват шуруъ шуд. Агарчи қимати газофе дорад, роҳи мубориза тӯлонӣ ва сахт аст. Мо дар боло ба Худо ва дар поин ба мардум такя дорем. Муборизаи мо барои адолат, баробарӣ, арзишу каромати инсонӣ асту идома дорад. Феълан зарфияту тавон ҳамин қадар аст."
"То кай бинишинему маҳкум кунем? "
Садои Амрико: Оё фикр мекунед, бо ин муборизаи мусаллаҳона дар ниҳоят Толибонро ба музокира водор хоҳед кард?
Аҳмад Масъуд: "Муборизаи мо дар натиҷаи фишори низомии Толиб буда ва ҳамеша ҷанг болои мо таҳмил шуда. Мо ҳеч вақт роҳи ҳалли низомиро интихоб накардем. Ҷиноёти Толибонро дар тӯли ҳадди ақал ду моҳи гузашта бинед. Ба номуси мардум таҷовуз мекунанд; хонаву замини мардумро мегиранд; ба бонувон зулм мекунанд; касе, ки кӯчактарин назари мутафовит дорад, мекушанд. Дар ин росто муборизаи мо ба хотири дифоъ аз арзишҳо, мардуму миллати мост. Ба муҷарраде, ки Толиб ҳозир шавад, бинишинад, роҳҳали мантиқиро қабул кунад, бидуни шак омодаи гуфтугӯ ҳастем. Қабул бикунад, ки ба тарафи як интихобот биравем ва мардум тасмими худро бигиранд, мо ҳеч мушкиле нахоҳем дошт. То замоне ки Толиб ба ҷабру истибдод ва ҷаҳли худ идома диҳад, ҷуз роҳи низомӣ ва дифоъ намемонад. То кай мо фақат бинишинему маҳкум кунему амале анҷом надиҳем?"
ФАРҚИ ДУ МАСЪУД
Садои Амрико: Шумо роҳи падаратон Аҳмадшоҳи Масъудро дунбол карда, Ҷабҳаи муқовимати миллиро раҳбарӣ доред. Худро дар ҷойгоҳи ӯ эҳсос мекунед?
Аҳмад Масъуд: "Аҳмадшоҳи Масъуд нухбаи низомӣ, андешаманди фарҳехта, сиёсатмадори тавонманд, фотеҳи ҷанги сард, қаҳрамони миллии Афғонистон ва шахсияти такрорнашуданӣ аст. Ман дар ҷойгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд нестам, ҳеч вақт ӯ намешавам. Як фарде ҳастам, ки роҳ ва ормони ӯро таъқиб мекунам."
Садои Амрико: Мардум мегӯянд, байни муқовимати аввал ва дувум тафовут вуҷуд дорад. Инки падаратон дар байни мардум буд, Шумо нестед. Ба ин чӣ мегӯед?
Аҳмад Масъуд: "Тамоми талош ва тамоми зарфияти низомии Ҷабҳаи муқовимат дар миёни мардум ва дар канори мардум аст. Нерӯҳои мо дар дохил ва дар паҳлӯи мардум ҳастанд. Кӯшиш мекунем, давомдор дар канори мардуми худ бошем. Гоҳе шароит фарқ мекунад. Воқеият ин аст, ки ман бояд барои фарзандони сиддиқе, ки имрӯз барои иззату номусашон истодаанд, коре анҷом диҳам. Ҳар кадоме мо дар бахшҳои худ кори худро мекунем. Ҳеч чизе дар ин дунё болотар аз ин нест. Охирин орзуи зиндагии ман ин аст, ки як бори дигар дар канори мардуми худ таъми озодӣ, адолат ва иззатро бичашем."
Садои Амрико: Бархе иддао доранд, ки шуҳрату маҳбубияти Шумо ба хотири он аст, ки фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд ҳастед. Ҳамзамон изҳори нигаронӣ доранд, ки эҳтимол аз уҳдаи ин масъулияти бузург баромада натавонед...
Аҳмад Масъуд: "Ман фикр мекунам, ҳар чизе, ки дорам, аз ӯст. Ҳеч вақте ман ӯ нестам ва намешавам. Аммо масири ӯро бо тамоми тавон, ҳадди тавон, пеш мебарам. Кӯшиши мо ин аст, ки аз он масир берун нашавем. Дар масъалаи масъулият. Ин тасмими шахсӣ ва як кори шахсӣ нест. Ҳеч фарде ба танҳоӣ наметавонад, коре кунад. Ин кори тимӣ, ҷамъӣ аст. Далеле, ки мо имон дорем, ин аст, ки мардум дар канори мост. Талоши мо талоши шахсӣ нест. Ман танҳо нестам. Хоҳарону бародароне дорем, ки дар дохилу берун заҳмат мекашанд."
ДАЛЕЛИ МУҚОВИМАТ ЧИСТ?
Садои Амрико: Асоси машруияти муборизаи мусаллаҳони Ҷабҳаи муқовимат чӣ аст?
Аҳмад Масъуд: "Ба даст овардани озодӣ, барқарории адолат ва аз байн бурдани зулме, ки Толиб ба мардум раво дошт. Номашруъ будани худи душман. Толибон ин фурсатро доштанд, ки бо роҳи низомӣ вориди Кобул нашаванд. Метавонистанд, низомеро бипазиранд ва ҷузъе аз он бошанд, аммо фурсатро аз даст доданд. Ба истибдод пеш мераванд. То вақте ин шеваи золимонаро дошта бошанд; дарвозаи гуфтугӯро банданд; ҳарфу забонашон аз тариқи мили туфанг бошад, машруият барои муқовимат вуҷуд дорад. Дифоъ аз ҷони одам, моли одам, обрӯи одам, иззати одам ҳаққи машрӯи ҳар фард аст."
Садои Амрико: Дар низомномаи Ҷабҳа навиштед, ки хоҳони эҷоди як низоми ғайримутамаркиз, муътадили исломӣ ва мардумсолор ҳастед. Шарҳ медиҳед?
Аҳмад Масъуд: "Ҳадаф барқарории як навъ низоми одилона аст, то моро аз буҳроне бираҳонад, ки чанд даҳа боз гиребони мардуми Афғонистонро гирифтааст. То кай насли Афғонистон аз ин ҳолат ранҷ бибаранд ва зиндагияшон табоҳ шавад. Бовари мо ин аст, ки ҳатто замонати миллиардӣ ва садҳоҳазории Ғарбу Шарқ дар Афғонистон натиҷа намедиҳад, то замоне ки низоми баромада аз иродаи мардум набошад. Низоме, ки ҳама худро дар он бибинанд. Инро ман таъин намекунам, инро мардум таъин мекунанд."
Садои Амрико: Дар низоме, ки хоҳонаш ҳастед, зан метавонад, дар Афғонистон раиси ҷумҳурӣ шавад?
Аҳмад Масъуд: "Бидуни шак. Дар ислом ҳеч тафовуте байни марду зан вуҷуд надорад. Зан метавонад, раиси ҷумҳур шавад, вакил шавад, ба ҳар коре ё ҷое, ки бихоҳад, бирасад.”
НИЗОМЕ ШАБЕҲИ ШВЕЙТСАРИЯ, ЧАРО?
Садои Амрико: Низоме, ки мадди назар доред, дақиқан чӣ низоме хоҳад буд ва бо аморати исломии Толибон чӣ фарқ хоҳад дошт?
Аҳмад Масъуд: "Тафовут аз замин то осмон аст. Аввал. Дар низоме, ки дар фикри мост, ҳамагӣ эҳсос хоҳанд кард, ки хонаашон аст. Дувум. Низоме, ки дар дидгоҳи мост, шаҳрвандмеҳвар аст. Ҳеч тафовути қавмиву забонӣ вуҷуд надорад. Ҳар шаҳрванд ҳаққи баробар дорад. Мо бояд ба ин нуқта бирасем ва аз ин тафовутҳо гузарем. Бидуни шак, низоме бошад, ки бар хилофи ончи Толибон мегӯянд, як исломи муътадил бошад, ки Шарқу Ғарб ифтихор кунад. Коре, ки ҳоло Толибон мекунанд, исломӣ нест."
Садои Амрико: Падаратон Аҳмадшоҳ Масъуд ва баъдан Шумо хоҳони низоми монанд ба Швейтсария будед. То чӣ ҳад иҷрошуданӣ аст?
Аҳмад Масъуд: "Дар даҳаҳои гузашта дар Афғонистон низомҳои гуногуне омаданд. Идеологияи мухталифро оварданд, аммо ҳама як муштаракот доштанд. Тамоми сохтор мутамаркиз буд. Як нафар соҳиби қудрати мутлақ. Ва ин боис мешуд, ки вилоёт, ақвом ва аҳзоб барои расидан ба ин нуқта дар ҷангу рақобати мутаассифона носолим бошанд. Ба ин хотир, мо буҳрони аслии Афғонистонро дар низоми мутамаркиз мебинем ва роҳи ҳаллашро дар низоми ғайримутамаркиз."
"ИН НОБУД КАРДАНИ МИЛЛАТ АСТ"
Садои Амрико: Дар бораи мушкили занони Афғонистон сарусадои зиёде ҳаст. Чӣ фикр мекунед, Толибон аслан намехоҳанд, ба садои онҳо гӯш бидиҳанд?
Аҳмад Масъуд: "Баъд аз ҳодисаи 15-уми августи 2021 осеби бештарро, бидуни шак, бонувони мо мебинанд. Мутаассифона, тасмими эътимод болои Толибон дар тавофуқномаи Давҳа (Доҳа) ва хуруҷ дуруст набуд. Тасмими ғалате буд, ки ҷубронашро мардуми мазлуми Афғонистон, алалхусус, бонувон медиҳанд. Баҳси таҳсили онҳо як бахши калони мушкили Афғонистон аст, ки бояд ба он таваҷҷуҳ шавад. Афғонистон ба унвони як кишваре, ки ба коми истибдод рафтааст, мардум аз ҳуқуқи инсонӣ ва бунёдии худ маҳруманд. Ин бахш ба таваҷҷуҳи ҷиддӣ ниёз дорад."
Садои Амрико: Ба назари Шумо, чаро Толибон монеи ба мактаб рафтани духтарон ҳастанд?
Аҳмад Масъуд: "Зулми Толибон болои бонувон, алалхусус, дар мавриди таҳсил понздаҳ моҳ не, балки 28 сол аст. Шояд ин зулмро дар Мазору Бадахшону Ҳирот таҷриба накарданд, вале Толибон бо ин фикри ақибмондаашон дар бисёре аз нуқот, аз ҷумла дар ҷануб, духтарони сарзамини моро аз илм ва таҳсил боздоштанд. Дар ҷануб макотибро сӯзонда буданд. Ин таровише бархоста аз зеҳни ақибмонда ва идеологияи ақимондаи Толиб аст, ки бо тамоми ҷуръат мегӯем, исломӣ нест. На реша дар фарҳанги мардуми Афғонистон дорад. Толиб дар ҳақиқат дар масири зулме қарор дорад, ки ДОИШ дар Ироқу Сурия кард. Ин нобуд кардани миллат аст."