Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд гуфт, Толибон Афғонистонро ба зиндон табдил додаанд. ВИДЕО


Аҳмад Масъуд дар нишасти байналмилалӣ дар Душанбе
Аҳмад Масъуд дар нишасти байналмилалӣ дар Душанбе

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар нишасти байналмилалӣ дар Душанбе, Толибонро танқид кард ва гуфт, онҳо "кишварро ба як зиндони бузург табдил додаанду сокинонро шиканҷа мекунанд

Бо гузашти беш аз як сол аз суқути Кобул бо дасти Толибон, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бори аввал дар Душанбе аз ҳузури худ хабар дод.

Толибонро ба ваъдахилофӣ муттаҳам карданд

Ӯ, рӯзи 30-юми ноябр дар нишасти байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, аз ҳукумати Толибон барои даст задан ба куштору хушунати одамон интиқод кард.

То ҳол вокуниши Толибон ба ҳузури ӯ дар Душанбе ва интиқодаш аз ҳукумати онҳо маълум нест, вале дар гузашта борҳо иддао дар бораи қатли кушторро беасос хондаанд.

Аҳмад Масъуд мегӯяд, Толибон ба ваъдаҳои қаблан додаашон вафо накарда, аз роҳи зулму истибдод кор мегиранд.

Нигаронӣ аз бархурди ҷаҳон ба қазияи Афғонистон

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо изҳори нигаронӣ гуфт, дар тули якуним сол минтақа ва дунё дар баробари Толибон "ҷуз маҳкум кардан дигар коре накарданд." Ба назари ӯ чунин амал наметавонад Толибонро тағйр диҳад: "Вақте тағйире нест як миллат ба хотири овардани шароити беҳтар маҷбур аст истод шавад ва аз ҳаққаш дифоъ кунад." - афзуд, Масъуд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Бубинед Аҳмад Масъуд дар Душанбе чӣ гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Вай таъкид кард, ки барнома ва тамосҳои ҷудо-ҷудои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои ҳалли як мушкилот на танҳо роҳкушои таъмини амният дар Афғонистон аст, балки дар дарозмуддат хатари ҷангу нооромиро дар кишвараш метавонад бештар созад.

"Агар чӣ дар моҳҳои ахир талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар шаклҳои мухталиф ба хотири иҷмоъ ва ҳамоҳангии бештар барои ҳалли мушкили Афғонистон шакл гирифта, ки мо аз у истиқбол мегирем, аммо бовар дорам барои ҳалли мушкилоти Афғонистон ба ҳамоҳангии бештар ниёз аст" - гуфт, Аҳмад Масъуд.

Вай афзуд, ҳадафашон ин аст, ки “дар Афғонистон шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ бархурдор бошанд.

Баҳси ҳуқуқи занон дар нишасти байналмилалӣ

Ин даҳумин нишасти "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" аст, ки то ба сари қудрат омадани Толибон, қаблан дар худи Афғонистон мегузашт. Ҳайати Толибон ба нишаст даъват шудаанд, вале наомадаанд.

Дар нишаст масъалаи кӯмак ба мардуми Афғонистон, таваҷҷӯҳи бештари кишвару созмонҳо ба шеваи ҳукмронии Толибон ва нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занон дар он кишвар баҳсу баррасӣ шуд.

Карден Деккер, масъули умури ИМА, сафорати ИМА дар Кобул ҳангоми пурсишу посухҳо таъкид намуд, ки Амрико барои Толибон пул намедиҳад. Вай бо таваҷҷӯҳ ба кӯмакҳои молии Амрико ба Афғонистон шарҳ дод, ки чунин маблағҳо барои мардуми он кишвар аст: "Ин корест, ки бояд бодиққат аз сӯи созмонҳои ҷаҳонӣ назорат шавад".

Носир Аҳмед, сафир ва намояндаи доимии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар Женева гуфт, низоми кунунӣ дар Афғонистон бояд посухгӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад: "Ва барои он ки Толибон посухгӯ бошанд ҳама кишварҳо бояд мутаваҷҷеҳи вазъи Афғонистон бошанд".

Масъуд кай вориди Душанбе шуд?

Баҳсу баррасиҳои атрофи вазъи Афғонистон қабл аз ворид шудани Аҳмад Масъуд ба толори нишаст сурат гирифт.

Қаблан хабарҳои ғайрирасмӣ дар бораи сафари Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба Душанбе расонаӣ шуда буд, аммо ин бори аввал аст, ки ӯ расман дар чорабиние ширкат мекунад. Ҳарчанд, дақиқ нест, ки кай вориди Душанбе шудааст ё аз пеш дар ин шаҳр буд.

Дар нишасти байнулмилалии “Низоми фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” дар чаҳорчӯби "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот", ки ду рӯз идома ёфт, 120 намояндаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ширкат доштанд. Ин нишаст аз сӯи Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа ва Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегии Афғонистон AISS, ташкил шуд.

Толибон, ки беш аз як сол боз ҷилави ҳукуматро дар Афғонистон ба даст доранд, ба ташкили ҳукумати иборат аз намояндагони як қавму гурӯҳ муттаҳаманд. Худи онҳо инро қабул надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG