Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷоҳид: “Раҳбари Толибон бо афроди бонуфузи Панҷшер вохӯрд”


Ҳайбатуллоҳ Охундзода
Ҳайбатуллоҳ Охундзода

Ҳукумати Толибон аз дидори Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари ин гуруҳ, бо теъдоде аз масъулон, уламои динӣ ва шахсони бонуфузи вилояти Панҷшер хабар доданд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, рӯзи 15-уми декабр дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст, дар ин дидор Абдулқаюм Зокир, масъули низомии Толибон дар Панҷшер ва Андароб, Муҳаммад Ҳусайн, волии Толибон дар ин вилоят ва даҳҳо муллову рӯҳонӣ ва афроди бонуфузи дигар ширкат доштанд.

Ҳайбатулло Охундзода бори аввал аст, ки бо намояндагони Панҷшер мулоқот мекунад.

Баъд аз расидани Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар вилояти Панҷшер ҷангҳои парокандаро ба зидди Толибон идома медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG