Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бори дигар хоҳони ҳукумати фарогир дар Кобул шуд. Шаҳбоз Шариф чӣ гуфт?


Шаҳбоз Шариф ва Эмомалӣ Раҳмон
Шаҳбоз Шариф ва Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба Покистон ва пас аз мулоқот бо нахуствазир Шаҳбоз Шариф гуфт, дар Афғонистон бояд ҳукумате шакл бигирад, ки ҳамаи қавмҳо ва тарафҳо бипазиранд.

Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, созмони зидди Толибон, пуштибонӣ мекунад. Покистон аз ҳомиёни Толибон номбар мешавад.

Аъзои ин гуруҳи тундрав соли гузашта дар Афғонистон ба қудрат расиданд. Аз он замон то ҳоло Кобулу Душанбе равобити расмӣ надоранд, вале баъзе додугирифт доранду ҳар чанд вақт ба якдигар ҳушдорҳо медиҳанд.

Раҳмон аз Афғонистон гуфту...

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми декабр дар Исломобод гуфт, Душанбе хоҳони сулҳу субот дар Афғонистон аст ва дар ин бахш якҷоя бо Покистон кор мекунад.

“Мо дар барқарорсозии сулҳу суботи пойдор ва ризоияти миллӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон беш аз ҳама манфиатдорем. Дар ин замина, таъсис додани ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон бо назардошти иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмӣ таъкид гардид,” -- гуфт ҷаноби Раҳмон.

Бори аввал нест, ки ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид мешавад. Пеш аз ин низ раҳбарони кишварҳои мухталиф аз Толибон хостанд, ҳукуматеро таъсис диҳанд, ки ҳамаи афғонистониҳо дар он саҳм дошта бошанд.

Тоҷикистону Покистон ҳам дафъаи аввал нест, ки мавзӯи ташкили ҳукумати фарогирро дар кишвари ҳамсояи худ баҳс мекунанд.

Сарвазири пешини Покистон Имрон Хон моҳи сентябри соли 2021 гуфта буд, ки паёми Душанберо ба Толибон расонд. Вай иддао карда буд, ки барои ташкили як давлати фарогир ё ҳамашумул дар Афғонистон бо Толибон гуфтугӯро оғоз карда. Ба назар мерасад, ё паёмҳо пазируфта нашуданд ва ё бо дур шудани Имрон Хон изҳороташ низ аз байн рафт.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, дар нишасти матбуотӣ бо Эмомалӣ Раҳмон аз Афғонистон ёд наовард. Гуфтаҳояш дар мавриди равобити Тоҷикистону Покистон ва мавзуъҳои дигар буд.

Ҷаҳон чӣ мехоҳад, Толибон чӣ мекунанд?

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми декабр хост, дар мавриди изҳороти Эмомалӣ Раҳмон вокуниши Толибонро бигирад. Сухангӯёни ҳукумати Толибон ба пурсишҳо дар ин бора посух надоданд. Онҳо пештар ҳукуматашонро ҳамашумул дониста буданд.

Толибон бар инҳисор ё монополияи қудрат дар Афғонистон муттаҳам ҳастанд. Ҳукумат асосан дар дасти мардон аст. Афроде, ки узви ин гуруҳ буда, дар ҷанг бо Амрико ва ҳукумати собиқ саҳми фаъол доштаанд.

Аз ҳокимияти дубораи Толибон дар Афғонистон тақрибан якуним сол мегузарад, аммо ҳукумати онҳо аз сӯи давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст.

Дар баробари ташкили ҳукумати фарогир, эҳтиром ба ҳуқуқи башар; эҷоди заминаи кор барои занон ва кушодани дари мактаб ба рӯи духтарони болотар аз синфи шашум аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эътирофи онҳост.

Толибон на танҳо ҳукумати фарогирро мутобиқи таърифи ҷаҳониён эҷод накарданд, балки занонро аз кор кардан дар бештари идораҳои давлатӣ ва сафари бидуни маҳрам дар масирҳои дароз манъ карданд. Ҳиҷоб бар занон иҷборӣ ва рафтани онон ба боғҳои тафреҳӣ ва варзишгоҳу ҳаммом манъ шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG