Намояндаи хоси Амрико барои Афғонистон гуфт, кишвараш дар мавриди як раванди сиёсии сулҳомез, ки дар он ҳама ҷонибҳо ва қавмҳои Афғонистон иштирок дошта бошанд, бо Тоҷикистон назари муштарак дорад. Томас Вэст аввали ин ҳафта дар Душанбе буд ва бо мақомоти тоҷик гуфтугӯҳо анҷом дод.
Ҳарчанд дар Душанбе танҳо дар бораи мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин хабари расмӣ нашр шуд, худи оқои Вэст дар Твиттер навишт, ки бо президент Эмомалӣ Раҳмон, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва мансабдорони дигар мулоқот доштааст.
Томас Вэст сафари худро ба Душанбе "бобарор" номида, гуфтааст, дар мавриди манофеи муштараки ин ду кишвар дар Афғонистон суҳбат дошт. Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон бо Афғонистон марзи дарозу кӯҳистонӣ дошта, дар мавриди таҳдидҳои амниятӣ нигарониҳои худро дорад.
Фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ҳамчунон гуфтааст, Амрико аз назорати марзҳо ҳимоят мекунад. Тоҷикистон ва Афғонистон беш аз 1300 километр марз доранд.
Дар чаҳорчӯби сафари оқои Вэст ба Тоҷикистон, қарор буд, баъд аз зӯҳри 31-уми май ӯ бо намояндагони шуморе аз расонаҳо мулоқот намояд ва ба пурсишҳои онҳо посух диҳад, аммо дар охирин лаҳзаҳо ин суҳбат лағв шуд.
Оқои Вэст дар Душанбе аз мактаби муҳоҷирони афғон бо номи "Сомониён" ҳам дидан кардааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин дипломати амрикоӣ дар сафари худ ба Тоҷикистон бо мухолифони ҳукумати Толибон мулоқот кардааст ё не. Ин бовар вуҷуд дорад, ки шуморе аз раҳбарони зидди Толибон, аз ҷумла Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад. На мақомоти тоҷик ва на масъулини Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба таври расми ҳузури Аҳмад Масъудро дар Тоҷикистон тасдиқ накардаанд.
Томас Вэст пеш аз сафараш ба Тоҷикистон, дар Ҳинд, Туркия ва Узбекистон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи Афғонистон мулоқот дошт ва бо онҳо дар мавриди ояндаи ин кишвар суҳбатҳо кард.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, дар вокуниш ба дидорҳои ахири Томас Вэст бо чеҳраҳои сиёсии ин кишвар гуфтааст, агар ин дидорҳо ба ҳадафи ангеза додани афрод алайҳи Толибон бошад, ба нафъи Амрико нест.
Ӯ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфтааст, "агар Амрико дар пайи сулҳ дар минтақа аст, ин сафарҳояш муфид хоҳад буд, аммо агар сафар ба ҳадафи ангеза алайҳи гурӯҳи Толибон бошад, ба нафъи Иёлоти Муттаҳида намебошад."
Ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ нигарониҳои худро аз гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар он тарафи марз ҳастанд, пинҳон накардааст. Тибқи гузоришҳо, дар миёни гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон низ мебошанд.
Толибон 15-уми августи соли 2021, пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ, вориди Кобул шуданд ва қудратро ба даст гирифтанд. То кунун ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро, ки "иморати исломӣ" меноманд, ба расмият нашнохтааст.