Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳам шудани Толибон ба нақзи ҳуқуқи башар дар гузориши Ҷабҳа. Толибон: "Ин таблиғот аст"


Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳукумати Толибонро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард. Ҷабҳа, инчунин, иддао кардааст, ки се ҳазор нерӯ дорад ва дар як соли гузашта 710 ҷангҷӯйи гурӯҳи Толибон аз сӯи онҳо кушта ва дар муқобил 121 узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз тарафи Толибон кушта шудаанд.

Дар гузориши солонаи Ҷабҳаи муқовимат омадааст, ки Толибон тайи як соли гузашта наздик ба 3490 танро, ки шомили низомиёни пешин, ғайринизомиён, фаъолони сиёсӣ ва маданӣ ва хабарнигорон мешуданд, дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон, ба хусус Панҷшер, Бағлон ва Тахор шиканҷа ва тирборон кардаанд. Толибон ҳамеша ин гуфтаҳои Ҷабҳаро рад кардаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар гузориш гуфтааст, ки Толибон аз замони ба қудрат расидан то ба ҳол 1700 касро дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин ҷабҳа, иштирок дар эътирозҳо ва интиқод аз ҳукумати онҳо, зиндонӣ ва дар мазҳари умум муҳокима кардаанд.

Як шахс, ки ба сабаби таҳдидҳои эҳтимолӣ намехоҳад номаш дар гузориш зикр шавад ва худашро сокини вилояти Панҷшер муаррифӣ кард, гуфт, ки ҳудуди ду ҳафта пеш аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Толибон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ латукӯб ва зиндонӣ шуда буд.

Ӯ гуфт, "омаданд ва дарвозаро тақ-тақ карданд. Моро берун бароварданд, дастҳоямонро бастанд ва ба боздоштгоҳ бурданд. Дар зиндон шиканҷа ва латукӯб набуд, аммо то ба зиндон расидан бо мушту лагад кӯбиданд. Дар дохили зиндон тавҳин ва таҳқир аз ҳад зиёд буд. Ҳама боздоштшудаҳо муаллим, сарони қавмӣ, деҳқон ва ронанда буданд. Ҳатто як чӯпонро оварда буданд ва он чӯпон то ба ҳол дар назди Толибон зиндонӣ аст".

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз оворагии ҳазорон хонавода аз сӯи Толибон дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон, аз ҷумла Панҷшер, Бағлон ва Тахор хабар дода ва гуфтааст, ки бештари ин хонаводаҳо аз сӯи Толибон ба таври маҷбурӣ кӯч дода шудаанд.

Гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар дар Афғонистон ҳам дар охири моҳи майи имсол дар суҳбат бо расонаҳо аз нақзи ҳуқуқи башар, зиндонӣ шудан, шиканҷа, куштор ва оворагии иҷбории ғайринизомиён ибрози нигаронӣ карда буд.

Дар бахше аз гузориши Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Толибон ба нақзи ҳуқуқи занон, аз ҷумла, ҳаққи омӯзиш ва кори онҳо муттаҳам шудаанд. Ҳукумати Толибон ҳамеша гуфтааст, ки ба ҳуқуқи занон дар чаҳорчӯбаи қонунҳои исломӣ ва фарҳанги афғонӣ эҳтиром мегузорад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон иддаоҳои матраҳшуда дар гузориши Ҷабҳаи муқовимати миллиро таблиғот ва шоеа донистааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чизҳое, ки ба номи гузориш нашр карданд, ҳама таблиғот ва хаёлӣ аст. Чизҳое, ки аслан ҳеҷ рух надодаанд, мо гузориш гуфта наметавонем. Маҷмуае аз таблиғот ва иттиҳом бастан ва шоеа аст, ки барои мо аҳамият надорад. Мардуми Афғонистон ҳама чизро ба чашми худ мебинад".

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гузориши солонаи худ ҳукумати Толибонро ба робита доштан бо гурӯҳҳои тундрави байналмилалӣ, аз ҷумла "Ал-Қоида" муттаҳам кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якуми августи соли равон эълон кард, ки Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи Ал-Қоида дар ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар Кобул кушта шуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон дар Панҷшер ташкил шуд ва ҳоло мегӯяд, ки дар чандин вилоят бо афроди Толибон даргир аст.

Шӯрои Амнияти СММ низ дар гузориш дар оғози соли ҷорӣ гуфта буд, бо гарм шудани ҳаво, даргирӣ миёни Толибон ва бархе гурӯҳҳои дигар, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимат сахттар хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG