Намояндаи додситонӣ аз додгоҳи ноҳияи Файзобод талаб кардааст, то Бибикалон Назирова, зане, ки дар марги келинаш айбдор мешавад, ба ҳашт соли зиндон маҳкум шавад.
Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, келини 25-солаи ин зан, соли гузашта бо 26 зарби корд аз манзили иҷорааш пайдо шуда буд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст ва хушдоманашро дар марги ӯ айбдор намуданд.
Дар мурофиаи охирин, ки рӯзи 24-уми октябр гузашт, ин зан бори дигар эътироф кардааст, ки дар бархе ҳолат бо келинаш “нофаҳмӣ” дошт, вале гуфтааст, фикр намекунад, ки ӯ сабаби худкушӣ шуда бошад.
Наздикони ин зан аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ мекунанд, вале дар мурофиаҳои гузашта вакили мудофеи Бибикалон Назирова хостааст, нисбати зерҳимояаш қонун "Дар бораи авф" татбиқ шуда, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд. Аммо айбдоркунандаи давлатӣ ба дархости ҳимоятгар эътироз намуда, аз додгоҳ хостааст онро рад кунад.
Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора гуфт, бовар дорад, ки додгоҳ ҳукми одилона содир хоҳад кард.
Ҳарчанд, ин мард ба худкушии духтараш ҳанӯз ҳам бовар надорад, вале ба ҷавобгарӣ кашидани хушдомани духтарашро кори одилона медонад.
Аз ҳаққи ӯ дар додгоҳ Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳимоя мекунад.
Аз ин пеш ин эътилоф хабар дод, ки "шоҳидон ва далелҳо дар парванда тасдиқ намуданд, ки Манора аз муносибати бераҳмона аз ҷониби хушдоман ва қайсингул чандин маротиба шикоят карда буд."
Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба Радиои Озодӣ гуфта буд, наздикони зан аз ӯ хостаанд, ки аз "гуноҳаш" гузарад. Ӯ гуфт, барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги духтараш ҳама талошро хоҳад кард ва аз аризаи худ даст нахоҳад кашид.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Хушдомани Манора дар марги келинаш худро қисман гунаҳкор ҳисобидаастМуҳокимаи хушдомане, ки ба марги арӯс муттаҳам астХушдоманаш ба гумони ба худкушӣ расондани Манора дастгир шудДодситонии Тоҷикистон парвандаи пурсарусадои марги Манораро шарҳ дод"Чӣ гуна ба худаш 26 корд задааст?" Баҳси марги Манора дубора бархост. ВИДЕОКуштор ё худкушӣ. Ҷасади Манораро дар Файзобод бо чанд зарби корд пайдо карданд