Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушдомани Манора дар марги келинаш худро қисман гунаҳкор ҳисобидааст


Манораи Абдулфаттоҳ.
Манораи Абдулфаттоҳ.

Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ дар марги келинаш худро қисман гунаҳгор ҳисобидааст. Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки дар додгоҳ аз ҳуқуқ ва манфиатҳои Абдуфаттоҳ Мисоқов -- падари Манора намояндагӣ мекунад, хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, баррасии ин парванда ҳамакнун дар Додгоҳи ноҳияи Файзобод идома дорад.

"Шоҳидон ва далелҳо дар парванда тасдиқ намуданд, ки Манора аз муносибати бераҳмона аз ҷониби хушдоман ва қайсингул чандин маротиба шикоят карда буд",-омадааст дар хабари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ.

Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, келини ин занро соли гузашта дар хонааш ва бо 26 зарби корд ёфтанд. Мақомот дар аввал гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Пайвандонаш аз оғоз ба худкушии ӯ шубҳа доштанд.

Худи Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба Радиои Озодӣ гуфта буд, наздикони зан аз ӯ хостаанд, ки аз "гуноҳаш" гузарад. Ӯ гуфт, барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги духтараш ҳама талошро хоҳад кард ва аз аризаи худ даст нахоҳад кашид.

Вакили мудофеи Бибикалон Назирова хостааст, нисбати зерҳимояаш "Дар бораи авф" татбиқ шуда, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд. Аммо айбдоркунандаи давлатӣ ба дархости ҳимоятгар эътироз намуда, аз додгоҳ хостааст онро рад кунад. Наздикони зани боздоштшуда Бибикалон Назирова дар ин бора суҳбат накарданд.

XS
SM
MD
LG