Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштор ё худкушӣ. Ҷасади Манораро дар Файзобод бо чанд зарби корд пайдо карданд


Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ рӯзи 22-уми июн бо чанд зарби корд дар манзилаш пайдо шуд.
Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ рӯзи 22-уми июн бо чанд зарби корд дар манзилаш пайдо шуд.

Мақомоти тафтишотӣ дар ноҳияи Файзобод марги зани ҷавонеро таҳқиқ доранд, ки ҷасадаш бо беш аз даҳ зарби корд, рӯзи 22-уми июн, аз манзили иҷорааш дар маркази ин ноҳия, пайдо шуда буд.

Пайвандони Манораи Абдуфаттоҳ, сокини 25- солаи ноҳияи Файзобод ҳодисаро куштор меноманд, вале мақомоти интизомӣ мегӯянд, интизори хулосаи ташхиси тиббӣ ҳастанд.

Ҷасади Манора ба хотири бозгашти падараш аз Русия пас аз ду рӯзи марг ва баъди ташхиси такрорӣ, ба хок супурда шуд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора рӯзи 27-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари марги духтарашро дар Русия шунид ва аз пайвандонаш хост, ки то расиданаш ҷасадро ба хок насупоранд. Ӯ гуфт, дар ташхиси ибтидоӣ пизишке гуфтааст, ки эҳтимол ӯ худашро бо корд задааст. “Одам худашро як корд мезанад ё ду корд, вақте дард кард, дигар намезанад. Мо қариб 20 ҷойи корд дар баданаш ҳисоб кардем. Ҷасадро Душанбе овардем ва аз сар ташхис карданд. Як ташхисгар ба ман гуфт, ки нишонаҳои марги маҷбурӣ дида мешавад. Ҳоло мунтазири натиҷаи ташхис ҳастем”,--гуфт ӯ.

Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодисаро тафтиш доранд. Як масъули Шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳодиса ҳам аз рӯйи фарзияи куштор ва ҳам худкӯшӣ тафтиш мешавад”.

“Мо бо шоҳидон ва ҳамсояҳо суҳбат кардем. Муфаттишони прокуратура ҳам месанҷанд. Ташхиси судӣ-тиббӣ рӯзи панҷшанбе анҷом шудааст ва шояд натиҷааш се-чор рӯз пас маълум шавад. Агар хулоса диҳанд, ки марги маҷбурӣ аст, пас пурра мо аз рӯйи куштор тафтиш мебарем.”,--гуфт ӯ.

Пайвандонаш мегӯянд, барои зиндагии алоҳида ӯро чанде пеш аз хонаи волидайни шавҳараш ба манзили хурде дар маркази ноҳияи Файзобод оварда буданд. Замони ҳодиса ду духтар ва як писари хурдсоли ӯ дар ошхонаи манзили зист будаанд, вале ба гуфтаи мақомот, кӯдакон хурдсоланд ва ҳарфҳое мегӯянд, ки ба тафтишот кӯмак намекунанд. Ҳамсояҳо низ гуфтаанд, ки ҳеҷ садоеро нашунидаанд, вале ҳамон рӯз чанд наздики шавҳари Манораро дидаанд, ки вориди манзили ин зан шудаанд. Исми он нафаронро онҳо ба мақомот гуфтаанд.

Фарзона Мисоқова, хоҳари Манора охирин нафарест, ки пеш аз марг бо ӯ суҳбат кардааст. “Бегоҳии рӯзи 22-уми июн соати 17:03 буд, ки занг зад. Гуфт, ки маро ғам медиҳанд. Гуфт, маро мекӯшанд. Додарамро ба хонааш равон кардем. То додарам расид, ки ним соат пас хабари марги Манораро ба мо расониданд.”,--гуфт ӯ.

Фарзона гуфт, хоҳараш аз бархе аз пайвандони шавҳараш шикоят дошт, ки ӯро азият медиҳанд. Талоши мо барои суҳбат бо пайвандони шавҳари Манора натиҷа надод. Шавҳари Манора ҳам дар Русия будааст, ки ҳоло ба ватан баргаштааст.

Манора соли 2015 ба як сокини ноҳия издивоҷ кардаааст. Аз ӯ се фарзанд мондааст, ки калонаш панҷсола ва хурдиаш шашмоҳа аст.

Маъмулан, ҳодисаҳои куштор ва ё худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон зиёд рӯх медиҳанд, вале барои рабт додани ин ду омил дар қазияи марги Манора ҳанӯз далеле пайдо нашудааст.

XS
SM
MD
LG