Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушдоманаш ба гумони ба худкушӣ расондани Манора дастгир шуд


Манораи Абдуфаттоҳ
Манораи Абдуфаттоҳ

Мақомоти Файзобод Бибикалон Назирова, сокини 51-солаи ин ноҳияро ба иттиҳоми “ба худкушӣ расонидани арӯси хонавода” боздошт кардаанд.

Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, келини ин зан, соли гузашта дар манзили зисташ бо 26 зарби корд ёфт шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст, вале пайвандонаш бовар надоранд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, хушдомани духтарашро рӯзи шанбе дастгир ва 5-уми сентябр барои ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.

Мақомот ва наздикони зани боздоштшуда Бибикалон Назирова дар ин бора суҳбат накарданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд ва эълон кард, ки тафтиши он давом дорад.

“Хешу табори зан кӯшиш доранд, ӯро аз ҷавобгарӣ озод кунанд. Бо як рӯҳонӣ ба хонаи ман омаданд, ки аз даъво даст кашам. Гуфтам, чӣ тавр қотили духтарамро мебахшам? Умедворам, ҷазои сазовор мегирад,” -- гуфт Абдуфаттоҳ Мисоқов.

Дар Тоҷикистон худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ зиёд рӯй медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои "ба худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, "бемори равонӣ" номида мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG