Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон Қирғизистонро ба иғвобарангезӣ ва ноором кардани вазъ дар сарҳади ду кишвар муттаҳам кард ва гуфт, ин кори мақомоти Қирғизистон "ҳадафмандона ва барои барангехтани низоъҳои нав" аст. Бишкек ҳанӯз вокуниш накардааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр гуфт, ба рағми санадҳои дуҷониба барои ором кардани вазъ дар марз ва дур бурдани нерӯҳову аслиҳа аз сарҳад, мақомоти Қирғизистон баръакс ба сохтани истеҳком ва овардани нерӯҳои иловагӣ машғуланд. Ин изҳороти расмист ва Радиои Озодӣ имкони мустақилона санҷидани мавридҳои зикршударо надорад.
Баёнияи мазкур бо гузашти андаке бештар аз як моҳ аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва баъди сукути кӯтоҳе дар ҷанҷолҳои лафзӣ ва радду бадалҳои дипломатӣ байни ду тараф нашр шуд.
Баёнгари "нияти бад"?
Кумитаи амнияти миллӣ, ки баръакси баёнияҳои кӯтоҳи пешин, як изҳороти дароз ва бо аксу тасвирҳо нашр кардааст, мегӯяд, амалкардҳои афроди алоҳида ва мақомоти Қирғизистон баёнгари “нияти бад” аст.
Дар баёния омадааст: “Амалкардҳои шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон бо ҳадафи ноором кардани вазъ, омода кардани камингоҳҳо, кандани нақбу истеҳком, овардани таҷҳизоти изофии низомӣ ва нақзи пайвастаи қаламрави ҳавоии Тоҷикистон далели возеҳи ниятҳои шуми ҷониби Қирғизистон аст.”
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ барои гирифтани вокуниши ҳукумати Қирғизистон ба мақомоти ин кишвар муроҷиат кард ва мунтазири посухи онҳост. Аммо дар гузашта, мақомоти ҳамсоякишвар баръакс Тоҷикистонро ба риоят накардани муқаррароти созишҳо дар бораи роҳ надодан ба муноқиша дар марз муттаҳам кардаанд.
Ба қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз 26-уми сентябр то 15-уми октябр паҳпод ва ё дронҳои Қирғизистон 13 маротиба ғайриқонунӣ ба қаламравҳои ҳавоии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ворид шудаанд, ки бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз ҳастанд. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 22-юми сентябр Тоҷикистонро ба вайрон кардани ҳарими ҳавоияш муттаҳам карда буд.
Зикри 24 маврид
Дар баёния 24 мавридеро овардаанд, ки ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллӣ нишон медиҳад, ки мақомоти Қирғизистон созишномаҳои пешинро барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна муноқиша ва таъмини амнияти шаҳрвандони ду тараф риоят намекунанд. Сангандозӣ ба самти мошинҳои сокинони Тоҷикистон дар манотиқи марзӣ, бадрафторӣ бо онҳо, оташ задани хона ва аз ҷумла маҷруҳ кардани як кӯдак зикр шудааст.
Кумитаи амнияти миллӣ мисол овардааст, ки низомиёни Қирғизистон дар назди дарғоти “Сарбанд”, маркази ҷанҷолии тақсими об, истеҳкоме бо умқи 6 ва дарозии 20 метр сохтаанд, ки барои ҷойгир кардани низомиёну аслиҳа пешбинӣ шудааст. Дар баёния ҳамчунин аз овардани нерӯҳои вижа ба ноҳияи Бодканд ва худсарона гузоштани посгоҳе дар хонаи як сокини Тоҷикистон дар ҷамоати Ворух хабар додаанд.
Дар баёнияи расмии кумита, ки хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 19-уми октябр нашр кард, ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбарони низомии Қирғизистон хостааст, пеши роҳи ҳаргуна “амалкардҳои иғвобарангезона”- ро бигиранд, ки ба низоъ мерасонанд.
Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, азмаш барои риояи созишҳои қаблӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва расидан ба созиш қавист ва тарафдори ҳалли мушкилоти мавҷуд аз роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад.
Ҷанҷол бар сари марз
Як моҳ пештар дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар натиҷаи низоъ дар сарҳади ду кишвар дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Ҳарду кишвар, ки садҳо километр марзи номуайян доранд, якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи апрели имсол дар Исфара гуфт, аз 987 километр марз “663,7 километр ё 68,4 дарсади хати сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуд”.
Ҳукумати Тоҷикистон Қирғизистонро ба таҷовузи низомӣ ба қаламрави кишвар муттаҳам кард ва гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо беш аз 50 нафар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар захмӣ шуданд. Радиои Озодӣ ному насаби бештар аз 80 нафарро ҷамъ овард, ки дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд. Қирғизистон дар бораи 63 кушта ва беш аз 200 захмӣ гузориш дод.
Чаҳор рӯз пештар аз нашри баёнияи Кумитаи амнияти миллӣ гуруҳҳои топографӣ ва ё маконнигории ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба таъйину аломатгузории марзи ду кишвар ба мулоқоти панҷрӯзае дар Душанбе хотима доданд ва дар бораи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда суҳбат карданд. Суҳбате, ки зоҳиран ҳеч натиҷае надодааст.