Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо даъвати сафири Тоҷикистон дар Бишкек ба ӯ гуфтааст, эътирози Душанбе ба як баёнияи сухангӯи вазорати мазкур дар бораи Эмомалӣ Раҳмон «беҷост».
Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 8-уми октябр гуфтааст, ки Назирмад Ализодаро дар ин рӯз ба сафорат хонда ва гуфтаанд, ки баёнияи сухангӯ Чингиз Кустабоев, дар Фейсбук «назари хусусии ӯст» ва эътирози расмии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин замина «беҷост.»
Дар ин баёния гуфта нашудааст, ки оё дипломатҳои қирғиз ҳақ доранд, нисбат ба масоили байналмилалӣ, ё робитаҳо бо кишварҳои дигар назари хусусиашонро бигӯянд. Рӯзе пештар аз ин Эрлан Абдилдаев сафири Қирғизистон дар Душанберо ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда ва ба ӯ дар робита ба изҳори назари дипломати қирғиз нотаи эътирозӣ супурдаанд.
Чингиз Кустабаев рӯзи 6-уми октябр дар Фейсбук дар навиштае бо номи “Ҷоиза гунаҳкоронро ёфт”, Владимир Путинро танқид кардааст, ки ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ордени “Барои хидмати шоиста ба меҳан дараҷаи III” дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навиштаи Кустабаевро “изҳороти паст” ва “далели аз миён рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани ахлоқи одии дипломатӣ” дар Қирғизистон номидааст.
Дар баёнияи вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон омадааст, ки онҳо ба Назирмад Ализода расонданд, ки «аз Тоҷикистон талаб мекунанд, ки фазои таҳаммулнопазирӣ ва адовати миллӣ барнаангезад.»
Радду бадалҳо ва ҷанҷолҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи хунин дар манотиқи марзии ду кишвар дар рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол зиёд шуд. Дар натиҷаи ин низоъ аз ҳарду тараф бештар аз 150 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Ҳарду кишвар, ки садҳо километр марзи аломатгузориношуда доранд, якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд. Бештар аз 500 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва низоъ ҳам барои замину обу чарогоҳ ва ҳаракат дар минтақаҳои беаломат сар мезанад.
Гуфтугӯ