Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Ворух пас аз низоъ дар марз чӣ ҳол доранд? ВИДЕО


Баъзе аз сокинони Ворух гуфтанд, дар даргириҳои марзӣ пайвандони худро аз даст доданд
Баъзе аз сокинони Ворух гуфтанд, дар даргириҳои марзӣ пайвандони худро аз даст доданд

Ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон дар муноқишаи ахири сарҳадӣ нафақат шоҳиди ҷангу хисорот гардид, балки сокинонаш мегӯянд, чандин рӯз ба маркази Исфара низ рафта натавонистанд.

Рӯзи 14-уми сентябр муноқиша аввал байни сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар Кехи Ворух сар зад ва то се рӯз вазъи ин минтақа нигаронкунанда монд. Ҳоло низ мардумаш мегӯянд, бо тарсу бим аз байни деҳаи қирғизтаборон мегузаранд. Баъди ин ҳодиса хабарнигори Радиои Озодӣ яке аз аввалин рӯзноманигороне буд, ки ба Ворух рафт.

Ба гуфтаи шоҳидон, муноқишаи марзӣ рӯзи 16-уми сентябр асосан дар даромадгоҳ ва маҳаллаҳои марзии ҷамоати Ворух сурат гирифтааст. Ойина ва деворҳои шикастаи хонаву мағозаи атроф далолат аз он ҳодиса мекунанд.

Роҳ аз деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ то ҷамоати Ворух ҳудудан 5 километр аст. Ҳарчанд дар рӯзи ҳодиса ва баъди он роҳ аз байни деҳаи қирғизтабори Оқсой баста набуд, сокинон мегӯянд, барои эҳтиёти худу пайвандон чанд рӯз аз онҷо нагузаштанд.

Фароғат Ҷамшедова дар маҳаллае зиндагӣ мекунад, ки бо деҳаи қирғизтаборон ҳамсоя аст. Вай мегӯяд, чандин рӯз натавонист, ба ҳавлияш биёяд, чунки атрофи хонаашро низомиёни ду ҷониб иҳота карда буданд.

Фароғат Ҷамшедова
Фароғат Ҷамшедова

“Ҳоло тинҷ шуд, омадам, ки ҳама ҷо шикастааст. Дарро аз ҷояш гирифта мондаанд. Як ҷевони калонам шикастааст. Дар берун буд, дароварда мондам. Боз дарро пӯшида мондам, то сарпаноҳам истад. Болоро бинам ҳама тирборон, Худо нигаҳ дораду сӯхтор нашавад. Тинҷиро диҳад,” – гуфт Фароғат Ҷамшедова.

Асосан сокинони маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати Ворух осеб дидаанд. Мардум мегӯянд, хонаву дари худро гузошта ба ҳавлии пайвандон дар гӯшаҳои дигар рафтанд.

Абдурофеъ Шокиров, сокини Ворух, гуфт, “ман дар хонаи поён будам, дидам, ки тирпаронӣ шуд. Чӣ хеле мебинед, шиферҳои хона канда шудааст. Ҳатто чанд тир ба даруни хона даромадааст. Аҳли хонавода баъди ин тирпаронӣ гурехтанд, инҷо мондан имкон надошт.”

Абдурофеъ Шокиров
Абдурофеъ Шокиров

“Ҳама мегуфт, ба онҷо наравед, мо ҳам тарсида наомадем. Тинҷ шуд, омадем ва ба зиндагиамон давом медиҳем,” – гуфт Маҳсуба Бобоева, сокини дигари Ворух.

Дар маҳаллаи марзии Тоҷикони ҷамоати Ворух ҳавлиҳое низ сӯхтаву вайрон шудаанд, ки соҳибонашон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд. Ин ҳавлиҳоро як кӯча ва ё як ҷӯй аз деҳаи қирғизтабор ҷудо мекунад. Сокинон мегӯянд, чандин рӯз молу коло низ аз маркази Исфара ба ин минтақа намеомад ва одамон захираҳои худро истифода мекарданд, вале бо мушкил низ дучор шуданд.

Абдузабӣ Ғаффоров, ронандаи мусофирбар, гуфт, “то солярка будан кор кардем. Соляркаи мошини ман, ки кам захира шуда буд, ба охир расид. Ду-се рӯз кор карда натавонистам. Шукри Худо роҳ кушода шуду боз солярка омад ва халқро бурда меорам.”

Наворро дар инҷо бинед:

Ворухиҳо пас аз низоъ дар марз чӣ ҳол доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

Ҳарчанд мақомот дар бораи кушташудагони ин минтақа расман иттилоъ намедиҳанд, ба гуфтаи сокинон, ду нафар аз Ворух ба ҳалокат расидаанд. Яке сокини маҳаллаи наздисарҳадӣ Пайрав Шоҳҳасанов ва дигарӣ Муродҷон Юсуфови 58-сола.

Музаффар Юсуфов, писари Мурод Юсуфов, мегӯяд, “рутбаашон сержант буд. Рӯзи чоршанбе, вақте нохушӣ сар зад, ба кор рафтанду дигар барнагаштанд. Аз тарафи чапашон снайпер задааст. Дар беморхонаи Ворух ҷон додаанд.”

Ҷамоати Ворух
Ҷамоати Ворух

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд ва ба ҳақ будани худ пофишорӣ доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG