Ду рӯз баъди нопадидшавии мармуз Вазирбековҳо аз Тоҷикистон "дарак доданд"

Дар ин наворе, ки зоҳиран аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонун ба интернет роҳ ёфтааст, Рамзӣ (аз чап) ва Ораз Вазирбековҳо дар бораи гӯё ихтиёран баргаштанашон ба Тоҷикистон мегӯянд. Маълум нест, ин навор чӣ гуна ва таҳти чӣ шароит сабт шудааст

Дар  навори видеоие, ки рӯзи якшанбе дар канали бо номи “Беҳдошт ТВ”-и шабакаи YouTube нашр шуд, ду нафар бо либоси мулкӣ ҳозир шуда, худро Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо муаррифӣ карданд.  

Шахсе, ки ба Ораз Вазирбеков шабоҳат дорад, ба забони русӣ, аз ҷумла, мегӯяд, ки сокини 45-солаи шаҳри Маскав буда, “саҳари имрӯз ихтиёран ба Тоҷикистон омад” ва дар ин ҷо огоҳ шуд, ки “мақомоти тафтишотии Тоҷикистон дар робита бо ҳодисаҳо дар шаҳри Хоруғ ба ӯ чанд саволе доштаанд”. Ӯ мегӯяд, “ман омода ҳастам, ки ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб диҳам ва агар гунаҳгор нестам, озод мешавам ва гашта меравам”. Ҷавоне, ки дар канори ӯ истода сӯҳбат мекунад, худро Рамзӣ Вазирбеков муаррифӣ карда гуфт, ки гапҳои Оразро “тасдиқ мекунад” ва онҳо “дар назди тафтишот” ҳастанд.

Маълум нест, ки ин навори видеоӣ бо тӯли 1:46 дақиқаро кӣ сабт карда дар интернет гузоштааст ва агар воқеан ҳам ин ду нафар Вазирбековҳо бошанд, аз ҷониби кадом ниҳоди интизомӣ боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд. Инчунин маълум нест, ки оё ин ду нафар бо ихтиёри худ дар навори видеоӣ сӯҳбат мекунанд ваё таҳти фишору таҳдид. Пурсишҳои зиёди дигар вобаста ба иттиҳоми онҳо, шеваи дар Тоҷикистон пайдо шудану таъмин шудани онҳо бо вакили дифоъ ва ғайра мебошад, ки то ҳол бепосух мемонад.

Ҳеҷ як ниҳоди давлатӣ дар бораи ба Тоҷикистон истирдод ва мавриди боздошт қарор гирифта шудани Вазирбековҳо шарҳе надодааст.

Pamir Daily News гуфт, Вазирбековҳо "бедарак шудаанд"

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 30-уми июл Pamir Daily News, пойгоҳи интернетие, ки ҳодисаҳои вобаста ба Бадахшон ва зодаҳои ин вилоятро дар Тоҷикистону гӯшаҳои ҷаҳон бозтоб медиҳад, дар Телеграм-каналаш аз "нопадид шудан"-и ду фаъоли ҷомеаи помириҳо дар Маскав хабар дод. Ин манбаъ навишт, ки Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо шаби 29-уми июл дар фурудгоҳи Домодедово "бедарак шудаанд". "Ҳавопаймои онҳо аз Екатеринбург меомад ва соати 19:30 дар Домодедово поин шудааст. Чизе, онҳо ба наздиконашон гуфтаанд. Баъд аз ин, телефонашон дастнорас шуд," – навишт пойгоҳ.

Мақомоти Русия ҳам то ҳанӯз чизе нагуфтаанд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо бо назарҳои танқидияшон нисбати мақомоти Тоҷикистон маъруфанд. Қаблан ҳарду дар наворе гуфта буданд, ки агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуданд, пас, "рабуда шудаанд".

5 зодаи Бадахшон аз Русия ба Тоҷикистон бурда шуданд

Ораз Вазирбеков шаҳрванди Русия аст ва моҳи марти имсол дар суҳбат бо "Садои Амрико" гуфта буд, ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад.

"Беш аз 15 сол боз шаҳрванди Федератсияи Русия ҳастам. Ходимони амниятии Тоҷикистон инро хеле хуб медонанд. Бо ин вуҷуд, пайиҳам ариза менависанд. Мехоҳанд, маро дар пеши назари мақомоти Русия чун идеологи ҷиноятҳои муташаккили помириҳо муаррифӣ кунанд," – гуфта буд ӯ.

Пойгоҳи Pamir Daily News мегӯяд, дар ним соли охир дастикам 5 зодаи Бадахшон дар Русия рабуда ва ба Тоҷикистон бурда шудаанд. Амриддин Аловатшоев, яке аз афроди бонуфуз дар миёни ҷавонони Бадахшон, яке аз онҳост.

Ӯ моҳи январи имсол дар Русия нопадид шуд. Наздикони варзишгар се ҳафта талош карданд, ки дар бораи ӯ хатту хабаре ёбанд, вале кӯшишҳо бенатиҷа буданд. Танҳо дар аввали моҳи феврал мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст ва сипас ба 18 сол зиндон маҳкум карданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар се сол пеш гуфта буданд, ки дар солҳои 2005-2018 дар хориҷа, бахусус Русия, 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мухолифонашро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Pamir Daily News: Вазирбековҳо куҷо шуданд?Бародари Алим Шерзамонов ба 18 сол зиндон маҳкум шудФаъоли тоҷик аз Русия ихроҷ ва дар ватан зиндонӣ шуд Хоруғ, 24 июли соли 2012. Ёди ҷонбохтагон, занҷираи воқеаҳо ва силсилаи номҳоМақомот гуфтанд, “Толиб Айёмбеков дигар қарздор нест”"Ҷасадҳои мусаллаҳ". Додситони кул гуфт, навори баҳсиро аз Рӯшон месанҷанд. ВИДЕОПарвандаи Холбаш Холбашовро ба Додгоҳи олӣ супурданд. ВИДЕОАмриддин Аловатшоев аз шикоят ба додгоҳи болоӣ "даст кашидааст" ВИДЕО"Гапи Озод": Чаро кор дар Бадахшон ба хунрезӣ кашид? ВИДЕО