Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, “Толиб Айёмбеков дигар қарздор нест”


Толиб Айёмбеков моҳи июни имсол дастгир шуд
Толиб Айёмбеков моҳи июни имсол дастгир шуд

Раиси бонки давлатии “Амонатбонк” мегӯяд, Толиб Айёмбеков, фармондеҳи собиқ ва аз афроди бонуфуз дар Бадахшон, “дигар қарздор нест”.

Сироҷиддин Икромӣ рӯзи 22-юми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Айёмбеков ду сол пеш қарзашро пурра баргардонд”, аммо нагуфт, ки чӣ қадар ва ба чӣ шева.

Айёмбеков бо писараш соли 2010 аз “Амонатбонк” 455 ҳазор сомонӣ гирифта буданд. Пештар намояндагони бонк гуфта буданд, амволи фармондеҳи собиқро ба фурӯш гузоштанд.

Толиб Айёмбеков рӯзи 11-уми июни имсол дар Хоруғ дастгир шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва барангехтани кинаву адоват гумонбар донистааст. Аз он замон то ҳоло назари наздиконаш маълум нест.

Боздошти Айёмбеков дар пайи нооромиҳои моҳи майи имсол дар Хоруғу Рӯшон сурат гирифт. Дар он ҳодисаҳо даҳҳо кас кушта, захмӣ ва дастгир шуданд.

Мақомот онҳоро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд.

XS
SM
MD
LG