Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоруғ, 24 июли соли 2012. Ёди ҷонбохтагон, занҷираи воқеаҳо ва силсилаи номҳо


Наздикони қурбониён. Хоруғ, соли 2013
Наздикони қурбониён. Хоруғ, соли 2013

Дар Тоҷикистон аз амалиёти соли 2012 дар Хоруғ ва қурбониёни ҳодиса расман ёд намекунанд, аммо баъзе аз шахсони алоҳида дар маҳфилҳои хурду ҷудогона ва шабакаҳои иҷтимоӣ он рӯзро ба хотир меоранд. Дар ҳодисаи даҳ сол пеш, ба иттилои расмӣ, 23 низомӣ ва 21 мулкӣ кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ба дурустии амалиёт таъкид мекунанд, аммо мардум онро навъе аз саркӯб медонанд.

Абдулло Назаров
Абдулло Назаров

Далели расмии бурдани нерӯҳои ҳукуматӣ ба Бадахшон дар соли 2012 ва оғози амалиёти вижа кушта шудани сардори Раёсати амнияти миллӣ дар вилоят, генерал Абдулло Назаров, шуд.

Гумонбарони асосӣ одамони давру бари фармондеҳи пешини саҳроӣ ва дар он замон сардори отряди марзбонии Ишкошим, Толиб Айёмбеков, дониста мешуданд. Худи Айёмбеков ба пинҳон доштани ҷинояткорон муттаҳам буд, аммо пайваста ба бегуноҳияш пофишорӣ дошт. Ӯро моҳи июни имсол дар Хоруғ дастгир карданд.

Муқовимати 16-соатӣ

Субҳи 24-уми июли 2012 амалиёт ҳамзамон дар се минтақаи Хоруғ, ки онҷо раҳбарони ба истилоҳ ғайрирасмӣ – Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламов – зиндагӣ мекарданд, оғоз шуд. Онҳо ба қочоқи маводи мухаддир, фурӯши сангҳои гаронбаҳо, қочоқи инсон, монеъ шудан ба кори ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра муттаҳам мешуданд, аммо худашон рад мекарданд.

Муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳукуматӣ 16 соат дароз кашид ва пас аз қабули қарор дар бораи оташбас аз тарафи раисҷумҳур тирандозӣ муваққатан бас карда шуд. Бо миёнравии Бунёди Оқохон (Оғохон) миёни гуруҳҳои мусаллаҳ ва ҳукумат мусолиҳа ҳосил шуд, ки шарти асосии он супурдани силоҳҳо ва гунаҳкорони қатли генерал Назаров буд.

Имомназар Имомназаров
Имомназар Имомназаров

Пас як моҳи ҳодиса, лидери аз ҳама пурнуфузтар дар минтақа Имомназар Имомназаров дар хонааш кушта шуд. Наздиконаш дар қатли ӯ мақомотро муттаҳам карданд, вале намояндагони ҳукумат инро рад намуданд.

Барои "ҳаводиси Хоруғ" чаҳор сокини Хоруғро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Ҳамза Муродов ва Оқил Айёмбеков ба гуноҳи куштани Абдулло Назаров 16 ва 17 сол зиндонӣ шуданд. Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров барои иштирок дар ин ҳаводис мутаносибан 14 ва 12 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Амалиёт гузашт, мушкил монд

Дар мониторинги созмонҳои миллии мудофеи ҳуқуқ вобаста ба ҳаводиси соли 2012 дар Хоруғ гуфта мешавад, ки "давлат барои муайян ва ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорон ва масъулони барномарезӣ ва иҷро кардани амалиёти низомӣ талоши лозим накард". Омбудсмени Тоҷикистон он замон таҳқиқотро якҷониба номида буд.

Пас аз ҳаводиси соли 2012 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар ҷанҷолҳо ва намоишҳои эътирозӣ зуд-зуд мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт.

Ёдбуди қурбониён. Хоруғ, соли 2013
Ёдбуди қурбониён. Хоруғ, соли 2013

Ҳаводиси пурсарусадотар дар соли 2014 ба назар расид. Пас аз тирандозӣ ба сӯйи мошине аз ҷониби низомиён дар маркази шаҳр бетартибиҳо сар зад, ки дар натиҷа эътирозгарон биноҳои Раёсати корҳои дохилӣ ва Додситониву Додгоҳи вилоятро оташ заданд.

Аз моҳи октябри соли 2018 дар қаламрави вилоят Ситоди байниидоравии таъмини субот ва тартибот фаъол шуд. Он замон президент Раҳмон барои барқарор кардани тартибу интизом дар шаҳр як моҳ муҳлат дод ва ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки дар сурати зарурат барои мубориза бо пешвоҳои ғайрирасмӣ, ки ба гуфтаи вай, ба мақомоти минтақа имкони кор карданро намедиҳанд, аз қувваҳои мусаллаҳ истифода баранд.

Баъзе аз сокинон шикоят доштанд, ки кори ситод ба нофаҳмиҳои марказу мардум натавонист, нуқта бигузорад. Ин нофаҳмиҳо, ба гуфтаи онҳо, моҳи ноябри соли 2021 сабаби кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар маркази Хоруғ шуд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, мушкили аслии минтақа, ба монанди бекориву набудани сармоягузорон боқӣ монд. Мақомот, баръакс, аз беҳбудӣ ва ободкориҳо дар минтақа мегуфтанд.

Қаробат ё ҷудоии бештар?

Бигӯмагӯҳо дар моҳи майи имсол ба эътирозҳои густурдаи мардум дар Хоруғу Рӯшон ва амалиёти, ба қавли мақомот, зиддитеррористӣ дар минтақа сабаб шуд. Дар ин ҳодиса, ба иттилои расмӣ 16, аммо ба қавли мардуму манбаъҳои мустақил беш аз сӣ кас кушта шуданд.

Хоруғ, моҳи майи соли 2022
Хоруғ, моҳи майи соли 2022

Мақомот онҳоро "узви гуруҳҳои ҷиноӣ" номида, ба "гирифтани пулу дастур аз хориҷа" муттаҳам карданд, аммо сокинон мегӯянд, онҳо силоҳ надоштанд ва танҳо барои дифоъ аз ҳаққи худ ба кӯчаҳо баромаданд. Созмону кишварҳои ғарбӣ мақомотро ба истифодаи нерӯи аз ҳад зиёд ва саркӯби фаъолон танқид карда, хоҳони таҳқиқи мустақилона ва шаффоф шуданд.

То кунун беш аз 200 нафар дастгир ва чанде аз онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд. Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз афроди бонуфуз дар Хоруғ, дар шароити мармуз кушта шуд. Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, ки низ аз шахсони пурнуфуз дар минтақа буданд, дар ҷараёни амалиёти боздошт кушта шудаанд.

Мақомот мегӯянд, пас аз амалиёти моҳи май Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он аз афроди, ба гуфтаи онҳо, "гуруҳҳои ҷиноӣ" пок шудааст, аммо сокинон ҳамвора аз фишор ва санҷишу бозпурсиҳои пайиҳам шикоят доранд. Маълум нест, амалиёти моҳи майи имсол "қаробат"-ро миёни марказ ва вилояти аз нигоҳи масоҳат калонтарину аз нигоҳи нуфус хурдтарин бештар хоҳад кард ё мисли амалиёти даҳ сол пеш "ҷудоӣ"-ро.

XS
SM
MD
LG