Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Холбаш Холбашовро ба Додгоҳи олӣ супурданд. ВИДЕО


Холбаш Холбашов
Холбаш Холбашов

Таҳқиқи парвандаи Холбаш Холбашов, генерали мақомоти марзбонӣ ба анҷом расида, парванда ба Додгоҳи олӣ фиристода шудааст.

Масъулини Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ҳамроҳи Холбашев 77 нафар аз сокинони ноҳияи Рӯшон ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Мансур Ғанизода, як масъули додситонии кулл гуфт, алайҳи Холбаш Холбашов бо иттиҳоми ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ, куштор, қасди куштор, терроризм ва дигар ҷиноятҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Холбаш Холбашов, афсари пешини неруҳои марзбонӣ ҳам дар пайи ҳодисаҳои моҳи май дар ВМКБ боздошт шуд. Мақомот “роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноӣ” дар ноҳияи Рӯшон гуфтанд. Назари Холбашов ва вакили дифоаш дастрас нест. Аммо баъзе аз наздиконаш гуфтанд, Холбаш Холбашов то лаҳзаи боздошт дар неруҳои марзбонӣ хизмат мекард.

Видеоро инҷо бинед:

Дар Додситонӣ парвандаи хабарнигорон ва ҳодисаи Рӯшонро шарҳ доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Масъулини Додситонии кулл рӯзи 15-уми июл ҳамчунин гуфтанд, таҳқиқи парвандаи Улфатхонум Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дорад.

Рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхонум Мамадшоева рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе боздошт шуд. Як рӯз пеш Вазорати корҳои дохилӣ ӯро яке аз созмондиҳандагони эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ номид. Аммо хонум Мамадшоева дар саҳифаи фейсбукиаш ва ҳам дар суҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иттиҳомро рад карда буд.

Боздошти даҳҳо фаъоли ҷамъиятии зодаи Бадахшон баъди эътирозҳои охири моҳи май дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон иттифоқ афтод. Дар пайи ин эътирозҳо мақомот аз “амалиёти зиддитеррористӣ” хабар доданд. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 16 кас кушта шудаанд. Сокинон омори қурбониёнро бештар аз ин мегӯянд.

XS
SM
MD
LG