Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pamir Daily News: Вазирбековҳо куҷо шуданд?


Ораз Вазирбеков
Ораз Вазирбеков

Pamir Daily News, пойгоҳи интернетие, ки ҳодисаҳои вобаста ба Бадахшон ва зодаҳои ин вилоятро дар Тоҷикистону гӯшаҳои ҷаҳон бозтоб медиҳад, дар Телеграм аз "нопадид шудан"-и ду фаъоли ҷомеаи помириҳо дар Маскав хабар дод.

Манбаъ рӯзи 30-юми июл навишт, Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо шаби 29-уми июл дар фурудгоҳи Домодедово "бедарак шудаанд".

"Ҳавопаймои онҳо аз Екатеринбург меомад ва соати 19:30 дар Домодедово поин шудааст. Чизе, онҳо ба наздиконашон гуфтаанд. Баъд аз ин, телефонашон дастнорас шуд," – навишт пойгоҳ.

Мақомоти Русия то ҳанӯз чизе нагуфтаанд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо бо назарҳои танқидияшон нисбати мақомоти Тоҷикистон маъруфанд. Қаблан ҳарду дар наворе гуфта буданд, ки агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуданд, пас, "рабуда шудаанд".

Ораз Вазирбекови 45-сола шаҳрванди Русия аст ва моҳи марти имсол дар суҳбат бо "Садои Амрико" гуфта буд, ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад.

"Беш аз 15 сол боз шаҳрванди Федератсияи Русия ҳастам. Ходимони амниятии Тоҷикистон инро хеле хуб медонанд. Бо ин вуҷуд, пайиҳам ариза менависанд. Мехоҳанд, маро дар пеши назари мақомоти Русия чун идеологи ҷиноятҳои муташаккили помириҳо муаррифӣ кунанд," – гуфта буд ӯ.

Пойгоҳи Pamir Daily News мегӯяд, дар ним соли охир дастикам 5 зодаи Бадахшон дар Русия рабуда ва ба Тоҷикистон бурда шудаанд. Амриддин Аловатшоев, яке аз афроди бонуфуз дар миёни ҷавонони Бадахшон, яке аз онҳост.

Ӯ моҳи январи имсол дар Русия нопадид шуд. Наздикони варзишгар се ҳафта талош карданд, ки дар бораи ӯ хатту хабаре ёбанд, вале кӯшишҳо бенатиҷа буданд. Танҳо дар аввали моҳи феврал мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст ва сипас ба 18 сол зиндон маҳкум карданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар се сол пеш гуфта буданд, ки дар солҳои 2005-2018 дар хориҷа, бахусус Русия, 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мухолифонашро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG