Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшон аз шикоят бурдан ба зинаи болоии додгоҳ даст кашидааст. Дақиқ нест, тасмими ӯ мустақилона будааст, ё зери фишор.
Аловатшоевро охири моҳи апрел бар асоси панҷ банди Кодекси ҷиноӣ ба 18 соли зиндон маҳкум карданд. Наздиконаш гуфта буданд, аз болои ҳукм шикоят мебаранд. Як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт: “Амриддин гуфт, ки бовар надорад, зинаи болоӣ ҳукми ӯро тағйир медиҳад.”
Даст кашидани Аловатшоев аз шикоят дар ҳолест, ки пештар наздикони ӯ гуфта буданд, аз болои қарори додгоҳ шикоят кардаанд. Бинобар дар боздоштгоҳ будан, тамоси мустақим ба Аловатшоев номумкин аст. Аз шикоят даст кашидани Амриддин Аловатшоевро суолбарангез медонанд, чун ба гуфтаи ширкатдорони мурофиа, худи ӯ шоми 29-уми апрел баъди эълони ҳукми 18 соли зиндон такон хӯрда ва се бор аз додрас ҳукмро пурсидааст.
Ба гуфтаи хешовандонаш, Аловатшоев бовар надошт, ки додгоҳ чунин ҷазои сахте таъйин мекунад. Мурофиаи Амриддин Аловатшоев ҳамагӣ чанд соат дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе идома кард. Додгоҳи Бадахшон, Аловатшоевро ба гаравгонгирӣ, ғасби бино, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ гунаҳкор эълон кард. Пайвандонаш ба бегуноҳии ӯ таъкид карданд.
Яке аз пайвандонаш рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Амриддин Аловатшоев дар Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст ва асосан вакили дифоъ бо ӯ мулоқот мекунад. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, баъди даст кашидан аз шикоят ба зинаи болоӣ, ҳукми Амриддин Аловатшоев ба қувваи қонунӣ медарояд ва эҳтимол ӯро ба зиндон мебаранд.
Амриддин Аловатшоев моҳи январи имсол дар Русия нопадид ва дар Тоҷикистон “пайдо” шуд. Додситони кулли Тоҷикистон моҳи феврал гуфт, ӯ истирдод шудааст, аммо вазири корҳои дохилӣ гуфт, бо хоҳиши худ баргашту дастгир шуд. Изҳороти гуногуни ду мансабдори баландпояи Тоҷикистон, ки шаффоф будани қазияи ӯро зери суол гузошт.
Амриддин Аловатшоевро пас аз он боздошт карданд, ки дар тазоҳуроти зодагони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ширкат кард. Зодагони Бадахшон дар робита ба нооромиҳои охири моҳи ноябри соли 2021 дар назди сафорат эътироз карданд.
Дар он моҳ як сокини Бадахшон Гулбиддин Зиёбеков дар натиҷаи ба гуфтаи мақомот амалиёт ва муқовимати мусаллаҳона ба мақомоти интизомӣ дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа кушта шуд. Ӯро ба гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мекарданд.
Кушта шудани Зиёбеков боиси тазоҳуроти чаҳоррӯза дар майдони марказии Хоруғ шуд. Эътирозгарон хоҳони боздошту муҷозоти омилони маргаш шуданд. Тазоҳурот 28-уми ноябри 2021 хотима ёфт, аммо баҳсу паёмадҳои он то ҳол идома дорад.