"Русия бо Украина банд аст, Чину Туркия ба Осиёи Марказӣ меоянд"?

Пекин ва Анкара дар моҳҳои охир ҳузури худро дар Осиёи Марказӣ густариш медиҳанд. Дар ҳоле ки кишварҳои минтақа барои рушди иқтисоди худ дар ҷустуҷӯйи шарикони нави ҳамвазн бо Маскав ҳастанд, ин иқдом хуш пазируфта мешавад.

Дар пайи ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш доранд, вобастагии худро аз Маскав камтар кунанд ва таъсири иқтисодии таҳримҳои Ғарбро дар посух ба таҷовузи Кремлин рафъ намоянд. Туркия бо имзои созишномаҳои тиҷоратӣ ва дифоӣ ва афзоиши фурӯши аслиҳа ҳузури худро дар Осиёи Марказӣ тақвият дод. Пекин манфиатҳои амниятии худро дар минтақа дунбол карда, дастрасияшро ба захираҳои энергетикӣ ва ашёи дигари хом таъмин менамояд.

Вазири корҳои хориҷии Чин, Ван И, ҳафтаи гузашта дар Қазоқистон буд. Вай дар нишасти севуми раҳбарони Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нурсултон иштирок карда, бо нигаронӣ "аз пайомадҳои ҷиддии буҳрони Украина", аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ хост, аз ҷанҷолҳои геополитикӣ парҳез кунанд.

Эрика Марат, пажӯҳишгари Донишгоҳи дифои миллии Вашингтон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳузури Туркия ва Чин дар Осиёи Марказӣ [аз оғози ҷанги Русия дар Украина] ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Ҳарду кишвар имконияти густариши ҳузури худро дар минтақа мебинанд. Таваҷҷуҳ барои робитаи наздиктар мутақобил аст," – афзуд ӯ.

Кремлин ба мисли пешина ба раҳбарони Осиёи Марказӣ нуфуз дорад ва ҳукуматҳои минтақа кӯшиш мекунанд, рафтори Русияро танқид накунанд. Вале ҳамзамон шарикони алтернативӣ меҷӯянд, бахусус, дар ҳоле ки бо пешгӯиҳои ноумедкунандаи иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд ва давраҳои муҳими сиёсиро низ аз сар мегузаронанд.

Моҳи марти имсол Сардор Бердимуҳаммадов, писари раҳбари пешини Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, зимоми қудратро дар он кишвар ба даст гирифт.

Рӯзи 5-уми июн дар Қазоқистон барои ислоҳи тағйири Конститутсия референдум баргузор карданд. Тағйирот салоҳиятҳои раисиҷумҳурро маҳдуд карда, президенти собиқ Нурсултон Назарбоевро аз таъсиррасонӣ ба умури давлат маҳрум мекунад.

Тағйирот пас аз рӯйдодҳои хунини моҳи январ ва ҷанҷолҳои пасипардагии раисиҷумҳури ҳозира Қосимҷомарт Тоқаев ва раисиҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев сурат гирифт. Тоқаев мегӯяд, ҳадафи ислоҳҳо мубориза бо хешутаборбозӣ аст; хешовандони раисиҷумҳур акнун аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муҳими давлатӣ маҳрум шудаанд. Мунтақидон мегӯянд, ислоҳи Қонуни асосӣ низоми худкомаи Қазоқистонро тағйир нахоҳад дод.

"Русия имкони татбиқи тамоми ташаббусҳоеро, ки дар тӯли ин солҳо дар Осиёи Марказӣ ба миён гузоштааст, надорад Аз ин рӯ, дар ҳоле ки [Маскав] ба тарафи дигар равона аст, давлатҳои дигар кӯшиш мекунанд, аз фурсат истифода баранд," -- шарҳ дод Лука Анчески, профессори Донишгоҳи Глазго.

ЧИН

Вазири корҳои хориҷии Чин бо даъвати инки минтақа ба бархӯрдҳои геополитикӣ дахолат накунад, пардапӯшона Иёлоти Муттаҳидаро ҳадаф қарор дод. Ван И пас аз боздиди ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу аз Осиёи Марказӣ дар охири моҳи май билофосила бо Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, мулоқот кард.

"Чин умед дорад, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зидди мудохилаи беруна устуворона меистанд; ҳамоҳангиро мустаҳкам мекунанд; софдилона ба ҳамкориҳо идома медиҳанд ва сулҳу суботро дар минтақа ҳифз менамоянд," -- гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин дар бораи мулоқоти Ван И бо Тоқаев.

"Чин ҳеч гоҳ дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои геополитикиро дунбол накардааст ва ҳеч гоҳ иҷоза намедиҳад, ки нерӯҳои берунӣ дар минтақа талотум кунанд," – омадааст дар идомаи изҳорот.

Ван И бо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, 8-уми июни 2022

Ван И Вашингтонро дар назар дошт, ки ҳатто қабл аз ҷанг дар Украина ҳадафи танқидҳои Чин буд. Гуфта мешавад, Чин саъй дорад, дар ҳама мушкилоти иқтисодие, ки дар Осиёи Марказӣ эҳсос мешавад, Иёлоти Муттаҳида ва Ғарбро, ки ба зидди Русия таҳримҳо ҷорӣ кардаанд, гунаҳкор кунад.

Ҷониби Қазоқистон дар бораи мулоқоти Тоқаев ва Ван И гузориш дод, аммо дар бораи изҳороти вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи геополитика чизе нагуфт. Ҳукумати он кишвар дар баёнияи матбуотӣ гуфт, дар суҳбатҳо таваҷҷуҳ ба пуштибонии раисиҷумҳури Чин, Си Ҷинпин, аз барномаи сиёсии Тоқаев равона шуд. Ҳамчунин дар он гуфта мешуд, ки раҳбари Чин тирамоҳи имсол ба Қазоқистон меравад.

Нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бо баёнияҳои расмӣ дар бораи ҳамкорӣ ва рушди равобити иқтисодӣ поён ёфт. Ҳукуматҳои минтақа дар ин музокирот хоҳони беҳбуди иртиботи нақлиётӣ шуданд, аз ҷумла тарҳи роҳи оҳане, ки Чину Қирғизистону Узбекистонро мепайвандад.

Ҳарчанд ҳузури Чин дар чанд соли охир дар минтақа афзоиш ёфта, босуръат идома дорад, нозирон то ҳол ба ин суол посух наёфтаанд, ки Пекин ба равобити наздик бо Осиёи Марказӣ то чӣ андоза манфиатдор аст ва оё метавонад ба як нерӯи пешбарандаи иқтисоди минтақа табдил ёбад ё не?

"Ман намедонам, ки ҷанг муносибати Пекинро нисбат ба минтақа тағйир додааст ё на. Мутмаин нестам, ки Чин мехоҳад, дар Осиёи Марказӣ бештар аз ҳозира ҳузур дошта бошад," – гуфт Лука Анчески.

ТУРКИЯ

Туркия дар пасманзари тағйири мавқеъ кардани қудратҳо дар минтақа ва тағйири вазъи молии Русия, дар Осиёи Марказӣ фаъолтар мешавад.

Раисиҷумҳури он кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон моҳи марти имсол бо сафари дурӯза ба Узбекистон рафт ва дар онҷо даҳ созишнома имзо кард. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки додугирифтро дар сол то даҳ миллиард доллар афзоиш хоҳанд дод. Айни рақам рӯзи 10-уми май дар ҷараёни сафари давлатии Қосимҷомарт Тоқаев ба Туркия низ садо дод.

Эмил Авдалионӣ, мудири маркази таҳлилии Geocase дар Донишгоҳи аврупоии Тбилиси, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳуҷуми Русия ба Украина боз як такони дигар барои ҳамкории Туркия бо Осиёи Марказӣ шуд."

Туркия дар Осиёи Марказӣ аз дер боз ҳузур дорад, вале робитааш бо минтақа пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 нобаробар буд. Ҳоло Анкара барои афзоиши қобили мулоҳизаи нуфузаш кӯшиш дорад.

Ҳавопаймоҳои бесарнишини Туркия, ки дар низои Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 2020 ба Озарбойҷон бартарии ҳалкунанда дод ва ҳоло аз ҷониби нерӯҳои Украина бомуваффақият истифода мешавад, ба афзоиши обрӯи Анкара мадад кард. Туркманистон муддати дароз бо аслиҳаи туркӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишини Bayraktar TB2 мусаллаҳ буд. Қирғизистон соли 2021, пас аз муноқишаи хунин дар марз бо Тоҷикистон, аз Туркия бюесарнишин харид.

Раҷаб Таййиб Эрдуғону ҳамсараш Омина Эрдуғон бо Шавкат Мирзиёев ва ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова

Авдалионӣ мегӯяд, Анкара аз лиҳози имкониятҳо ва манобеи иқтисодӣ аз Русия, Чин ва Амрико заифтар аст, вале ҳоло аз нақши фаъолтари Туркия дар минтақа истиқбол мешавад. Ва Анкара барои пур кардани бахше аз холигоҳе, ки дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба Украина ба вуҷуд омадааст, мавқеи хуб дорад.

Аз ҷумла, Туркия саъй дорад, худро ҳамчун як бахше аз ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки ҳадафаш интиқоли коло аз ғарби Чин тавассути Осиёи Марказӣ ва Русия ба Аврупост, ба унвони алтернативаи фаъоли Русия қарор диҳад. "Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Қазоқистон, ба далели тағйирот дар шеваи иртиботот дар АвруОсиё дар пайи ҷалби бештари Туркия ҳастанд," -- зикр кард Авдалионӣ.